Arzon march 2024
6 муҳоҷирро барои кордзанӣ ва тирпарронӣ аз Русия ихроҷ карданд
584

Бо қарори суд 6 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар муноқишаи гурӯҳӣ дар Бирюлёваи Ғарбӣ даст доштанд, аз қаламрави Россия депортатсия карда шуданд. Муҳоҷирони муштзӯр дар баробари ихроҷ шудан ҳамзамон аз 5 то 7 ҳазор рубли русӣ ҷарима месупоранд.

“Суди минтақаи Нагатинскии Москва 6 нафар муҳоҷирони меҳнатиро барои ташкил кардани занозанӣ ва вайрон намудани қоидаҳои буду бош дар Россия аз қаламрави кишвар ихроҷ намуд. Ҳамзамон 5 нафар муҳоҷирони моҷароҷӯй ба маблағи 5 ҳазор рубли русӣ ва 1 муҳоҷири дигар ба маблағи 7 ҳазор рубли русӣ ҷарима карда шудаанд”,- хабар додааст ntv.ru.

Ихроҷшудагон шахсоне мебошанд, ки рӯзи 21-уми май дар муноқишаю занозании гурӯҳӣ дар кӯчаи Мединская ширкат варзида, ба чанги пулис афтодаанд.

Яке аз иштирокчиёни муноқиша ба ҳарифонаш бо корд ҳамла карда, онҳоро захмӣ намудааст ва бар замми ин, аз таппончаи травматикӣ чанд маротиба ба ҳаво тир паррондааст.

Бар асари ин моҷаро ду нафар захмӣ шуда, ба бемористон афтодаанд. Захмишудагон ҳарбиёни ба наздикӣ аз хизмат ҷавобшуда будаанд. Онҳо сабаби сар задани муноқишаро ба пулис нақл карда, гуфтаанд, ки тасодуфан дар истгоҳ назарашон ба марде афтод, ки занеро бераҳмона латукӯб мекард. Мардони рус занро пуштибонӣ мекунанд ва бо ҳамин сабаб байни онҳо моҷаро сар шудааст.

Марде, ки занро латукӯб мекард, ба рафиқонаш занг мезанад ва дар муддати кӯтоҳ зиёда аз 20 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ҷамъ шуда, мардони русро зери мушту лагад мегиранд. Яке аз онҳо бо корд ва таппонча ба мардони рус ҳамла карда, онҳоро захмӣ намудааст.

Сароғоз нисбати ҳамаи иштирокчиёни муноқиша бо далели авбошӣ парванда оғоз шуда буд, вале баъдтар айбнома вазнинтар шуда, муҳоҷирон дар сӯйиқасд ба куштори зан айбдор дониста мешаванд.

Айни замон 4 нафар иштирокчиёни ин муноқиша, ки аз 24 то 34-сола мебошанд, ба ҳабс гирифта шудаанд. 6 нафари дигарро бошад, аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ намудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД