Моҳи нуҳуми ҳомиладорӣ натанҳо барои зане, ки модар шуданист, балки баҳри тамоми аҳли хонавода моҳи пурташвиш аст. Ҳама гӯш ба қимор меистанд, ки лаҳзаи ба дунё омадани меҳмони нав кай фаро мерасида бошад, вале аз ҳама бештар модар тавлиди тифли навзодро интизорӣ мекашад.
Имруз техникаи тиббӣ ниҳоят пеш рафтааст ва чанд моҳ қабл аз ба дунё омадани кӯдак ҷинс, вазн , қад,вазъи саломатии кӯдак ва ҳатто рӯзи эҳтимолии таваллуд шуданашро фаҳмидан мумкин аст. Имрӯз мо ба занҳои хушбахте, ки ба наздикӣ модар мешаванад, дар бораи он чизҳое маълумот медиҳем, ки зани ҳомила ҳангоми ба таваллудхона рафтан бояд ҳатман бо худ бигирад.
1. Пеш аз ҳама барои кӯдак чандто парпеч гирифтан лозим аст. Парпечҳо бояд ҳатман аз матоҳҳои пахтагин бошанд.
2. Ҳамроҳи парпеч ду-се либоси навзодӣ гирифтан шарт аст. либосҳо ҳам бояд ҳатман аз матоҳи пахтагин ва гулу ороишоте, ки ба танаи нозуки навзод сахт мерасад, орӣ бошанд. Беҳтараш он либосҳои кӯдаконаеро интихоб намоед, ки курта бо поҷомааш бошад. Гуфтагӣ барин, илова бар либос барои навзод ҳатман як- ду ҷуфт ҷӯробча ва кулоҳ гирифтан лозим меояд.
3. Фаромӯш накунед, ки шумо бояд барои фарзандатон собуни махсуси кӯдакона, салфеткаи намнок, уппо (присипка) ва малҳам барои аз зери урепча молидан бигиред.
4. Дар баробари навзод модар низ баъди таваллуд ба нигоҳубини хос ниёз дорад. Аз ҳамин хотир зани ҳомиладор бояд барои худ таҳпӯши пахтагии махсус , ки барои синамаконӣ омода шудааст, бигирад. Ин барои ширдиҳии кӯдак кӯмак мерасонад.
5. Маъмулан дар рӯзҳои аввали ширдиҳӣ пистони зан шамол кашида, тасб карданаш мумкин аст. Албатта дар ин бора духтурони занона , ки ҳар субҳ занҳои нав тавалудкардаро аз назорат мегузаронанд, тавсияҳо медиҳанд, аммо пешаки тайёрӣ дидан саргардониро камтар мекунад. Барои накафидани пӯсти пистон шумо бояд аз дорухона малҳами махсус бигиред.
6. Тифли навзод хурдакак аст ва шири зиёдро макида наметавонад. Ин боиси он мешавад, ки дар пистони зан шир турш мешавад. Ҷамъшавии шир дар пистони модар метавонад ӯро бемор созад, бинобар ин, барои шири зиёдатиро ҷӯшида партофтан асбоби ширҷӯшӣ харидорӣ намоед.