Sebiston new 2024 october
500 кӯдаки ятим падару модардор шуданд
01.12.2022
Оила
908

 

Аҷаб дунёст ин дунё! Яке ба нохуни фарзанд зору дигарӣ безори фарзанд. Яке аз лахти ҷигараш, аз фарзанде, ки аз хуну вуҷуди ӯст, даст мекашад, зану бачаҳояшро аз дар берун мекунад ё кӯдаки маъсуму бегуноҳеро ба ятимхона месупорад, дигарӣ бошад баръакс он қадар ташнаи фарзанд аст, ки дари чандин идораҳоро кӯфтаву давутози зиёде карда, ятимакеро ба фарзандӣ мегирад, то кошонааш аз садои хандаи тифлона пур шуда, зиндагиаш нуру зиё пайдо кунад. Аҷабо, ҳатто ҳайвоноте, ки ақлу шуур надоранд, ғами бачаҳояшонро мехӯранд. Гурба бачаҳояшро дар даҳонаш гирифта калон мекунад, мурғ ба хотири давом додани наслаш рӯзҳои зиёде болои тухм хобида, чӯҷа мебарорад, гавазни чамбаршох барои ҳимояи бачааш бо шеру паланги тездандон меҷангад, вале инсон-бузургтарин офаридаи Аллоҳ бо баҳонаи бехонагию бепулӣ ё аз тарси бадномию шармандагӣ аз баҳри фарзандаш мегузарад, гӯё як пораи дилашроканда мепартояд, аз кӯдакаш даст мекашад...

Хушбахтона дар баробари баъзе волидони фарзандбезор, ки кӯдакони худро ба ятимхонаҳо месупоранд, боз шахсони меҳрубону ғамхоре низ ёфт мешаванд, ки сари ин ятимаконро сила карда, фарзандхонашон мекунанд, ба онҳо меҳру муҳаббати падаронаю модарона мебахшанд. Тавре ки Бунафша Раҳимзода, сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлия дар вилояти Хатлон дар суҳбат бо Pressa.tj гуфтааст, соли равон таваҷҷуҳи оилаҳои бефарзанд ва сарватманд ба фарзандхондӣ торафт зиёдтар шуда истодааст. Ба гуфти Раҳимзода агар дар даҳ моҳи соли 2021 аз ҷониби чунни шахсон 448 кӯдак ба фарзандхондӣ гирифта шуда бошад, имсол ин шумора қариб ба 500 раисида, дар маҷмӯъ 494 кӯдаки ятиму бепарастор соҳиби падару модари нав шудаанд. Ҳамин тавр дар шаҳру ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ 49, Бохтар 41, Хуросон36, Қубодиён 35 ва Вахш 29 кӯдак ба фарзандхондӣ гирифта шудаанд,ки ин рақамҳои аз афзоиши ҳисси меҳру муҳаббат нисбат ба кӯдакони ятим ва бепаратсор шаҳодат медиҳанд. 

Шахсоне, ки сари ятимеро сила мекунанд ё кӯдаки бепарастореро ба фарзандӣ қабул намуда, мисли фарзанди худ тарият менамоянд, дар ду дунё савоби беҳисоберо соҳиб хоҳанд гашт. Шайх Саъдӣ ба ҳамин мазкун фармудааст:

 Чу бинӣ ятиме сар афканда пеш,

Мадеҳ бӯса бар рӯи фарзанди хеш.

Ятим ар бигиряд, кӣ нозаш харад?

В-агар хашм гирад, кӣ бораш барад?

Ало, то нагиряд, ки арши азим,

Биларзад ҳаме, гар бигиряд ятим.

Ба раҳмат бикун обаш аз дида пок,

Ба шафқат бияфшонаш аз чеҳра хок.

Агар сояи худ бирафт аз сараш,

Ту дар сояи хештан парвараш.

Яке хори пои ятиме биканд,

Ба хоб-андараш дид Садри Хуҷанд.

Ҳаме гуфту дар равзаҳо мечамид,

К-аз он хор бар ман чӣ гулҳо дамид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД