Soranus
5 суннате, ки дар Иди саиди Фитр иҷро карданашон хуб аст
10.04.2024
ОИЛА.ТҶ
638

 

Имрӯз тамоми мусалмонони олам Иди саиди Фитрро ҷашн мегиранд. Фарорасии иди Фитр аз он гувоҳӣ медиҳад, ки моҳи шарифи Рамазон ба охир расид ва даҳони муслимин барои баҳрамандӣ аз неъматҳои лазизи худовандӣ аз нав кушода мешавад.

Суннатҳои идона

Иди Фитр дорои суннатҳои хоси худ буда, он дастури хубест барои муъминон, ки чи корҳоро бояд дар рӯзи ид анҷом диҳанд.

Якум: Ғусл кардан суннати аввалиндараҷаи ислом маҳсуб меёбад, чунки табиати инсонҳо гуногун буда, барои тоза нигоҳ доштани сару бадан ва нороҳат нанамудани дигарон амали хуб аст.

Дуюм суннати ид мисвок намудан, яъне тоза кардани даҳону дандонҳои хеш аст.

Сеюм суннати иди фитр ба бар намудани беҳтарин либос аст.

Чорум суннати иди саиди фитр ба намозгоҳи ид зуд рафтан мебошад.

Панҷум суннати иди сиади фитр пеш аз намози идро гузоштан бо чизе даҳони худро ширин кардан буда, аз ҷумлаи суннатҳоест, ки мо, мусалмонон бояд риоя намоем. Дар ин маврид ривояте аз Анас ибни Молик (р.т. ҳ) ҳаст, ки Пайғамбар (с) дар рӯзи ид то чанд дона хурмо намехӯрд, ба намоз намебаромад. Ин ҳарф дар ҳадиси Бухорӣ зикр шудааст.

Садақаи фитрро кай медиҳанд?

Ривояте аз ибни Абос (р.ҳ) мавҷуд аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: Закот ва садақаи фитрро барои покии шахси рӯзадор аз беҳудагӣ ва дигар ҳарзакориҳо барои ризои бенавоён фарз гардонидааст. Касе онро пеш аз намози ид адо намояд, он закот пазируфта мешавад ва касе онро баъд аз намоз адо намояд, он садақият аз садақот мебошад. Шариат таъкид мекунад, ки бояд инсонҳо пеш аз ба намози ид рафтан садақоти фитрро пардохт намояд, то дигар ҳамҷинсҳои онҳо ҳам намози идро бо чеҳраи кушод, хотири ҷамъ ва дастархони идона пешвоз гирифта, бенавою бекас ва нодор будани худро эҳсос накунад.

Идона додану хона ба хона гаштан дар дигар мазҳабҳо дида намешавад, вале чунин урфу одатҳо дар байни мардуми Осиёи Миёна аз қадимулайём роиҷ буд. Кӯдаконро аз замонҳои қадим бо додани тухмҳои ранга хушнуд мегардониданд. Урфи дигари мардуми мо дар рӯзи ид ба оромгоҳи гузаштагон рафта, дар ҳаққи руҳу арвоҳ дуо кардану фотиҳа хондан аст. Ин ҳам яке аз корҳои хайр маҳсуб меёбад.

Сӯзании самарқандӣ дар ин бора фармудааст:

Пазируфта бод рӯзаву фархунда иди ту,

Аз рӯза масубату аз ид шодмон!

Ҷамолиддин ХОМӮШӢ, устоди ДИТ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД