Arzon march 2024
5- сирри зебоӣ барои мардон
11.12.2022
ОИЛА
1097


Сирри зебоии пӯсти мард
Мо одат кардаем, ки ба ҳолати пӯсти бонувон диққат диҳем, камбудиҳояшро пайдо намоем, вале касе ба чӣ гуна будани пӯсти рӯйи мард диққат намедиҳад, ҳол он ки пӯсти мардон низ ба нигоҳубин ниёз дорад. Инак, чанд маслиҳати муфид дар ин хусус.

Малҳами қимат беҳтар ё арзон?
Дар шароити шаҳр, хусусан дар фасли тобистон аз малҳамҳои махсус бояд истифода бурд. Нарх ва тамғаи малҳам аҳамият надоранд, муҳимаш он аст, ки малҳамро дуруст истифода баред.

Поксозии пӯст
Шарт нест, ки барои тоза кардани пӯсти рӯй аз скраб истифода баред. Шустушӯйро беҳтараш бо тоник оғоз намоед. Ба ҷои оби ҷумак оби филтршударо истифода бурдан беҳтар аст. Аввал докачаро дар оби филтршуда тар карда, рӯятонро як маротиба тоза кунед, баъдан ба об як қатра гел барои шустушӯйро чаконида, бори дигар рӯятонро пок намоед. Бо дока гели рӯятонро пок намуда, сипас бо тоник тоза кунед.

Нармкунонии пӯст
Ҳангоми ришгирии мардҳо қабати болоии пӯст осеб меёбад, аз ин хотир аксари мардон баъди ришгирӣ мушкобҳои спиртдор мемоланд. Ин амал пӯстро сурху пажмурда мегардонад. Барои пас аз 40 солагӣ ба чунин мушкилот гирифтор нашудан, баъди ришгирӣ, инчунин ҳар дафъаи рӯйшӯӣ ба пӯсти рӯю гарданатон малҳами нармкунанда молед.

Пӯстатон дар давоми 10 дақиқа малҳамро ҷабида нагирад, албатта боқимондаҳояшро бо докача тоза кунед. Ин амалро хусусан дар ҳавои сард ба анҷом расонидан муфид аст.

Ришгирии безарар
Пӯстатон ярачаҳои зардобдор дошта бошад, кафкобаҳои бактерисидӣ (пена) барои ришгирӣ шуморо аз ин ярачаҳо халос менамоянд. Пӯстатон сурх шуда, нарак барорад, гелҳои силикондори ришгириро интихоб намоед.

Метавонед ҳамчунин пас аз ришгирӣ малҳамҳои бобунаю алоэ молед. Малҳам витаминҳои А ва Е дошта бошад, боз ҳам беҳтар аст, чунки пӯстро мулоим намуда, яраҳоро шифо мебахшад.

Малҳам молидани мард айб нест
Пӯстатон кашиш хӯрда ё рӯятон пӯст мепартофта бошад, баъди ришгирӣ албатта рихинак пайдо мешавад. Дар ин ҳолат атр ва мушкобҳои спиртдорро ба рӯй молидан хатарнок аст.

Беҳтараш малҳамҳои махсуси нармкунандаи пӯстро, ки барои мардон тавсия шудаанд, молед. Шарм надоред, малҳам молидани мард айб нест.

Муъҷизаи мушкоб
Пӯсти муътадил ё равғанинро бо мушкоб (лосьон) тароват бахшидан мумкин аст. Мабодо аз малҳами завҷаатон истифода мебурда бошед, минбаъд ин корро накунед.

Малҳамҳои нармкунандаву равғанини занона ба пӯсти мард мувофиқ нестанд, чунки дараҷаи туршнокияшон дигар аст ва боқимондаҳои чарб ба сӯрохиҳои пӯст даромада, сабабгори пайдоиши нараку илтиҳоби пӯст мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД