Дар доираи бозиҳои даври дуюми қисмати ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 дастаҳои “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуда, бо ҳисоби 5 бар 0 ба суди “Истиқлол” хотима ёфт.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, бинобар сабаби сафари ҳайати асосии дастаи «Регар-ТадАЗ» ба ҷамъомади таълимӣ-тамринии Тошканд дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2025 ҳайати ҷавонони бошгоҳ иштирок доранд.
Голҳои дастаи “Истиқлол”-ро Муҳаммадҷон Тоҳирӣ дар дақиқаи 71-ум аз пеналтӣ, Руслан Хайлоев дар дақиқаи 73-юм, Масрур Ғафуров дар дақиқаҳои 77-ум, 89-ум ва Муҳаммадҷон Тоҳирӣ дар дақиқаи 83-юм ба самар расонидаанд. Барои Масрур Ғафуров дар соли 2025 ин аллакай 7 гол дар 5 бозӣ дар ҳайати “Истиқлол” аст. Ҳамлагари ҷавон аз “Барқчӣ” ба “Истиқлол” моҳе қабл гузариш карда, шартномаи сесола ба тавсиб расонида буд.
Маврид ба зикр аст, ки дар даври якум “Истиқлол” бо ҳисоби 3 бар 1 “Сомон”-и Данғараро шикаст дода буд. “Регар-ТадАЗ” бо “Саразм”-и Панҷакент мусовӣ - 1 бар 1 бозӣ карда буд.
Бозии ояндаи дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода зидди “Сомон”-и ноҳияи Данғара рӯзи 14 -уми феврал сурат мегирад. Оғози рақобат соати 10:30 аст. “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар даври оянда, рӯзи 14-уми феврал бо “Саразм”-и Панҷакент бозӣ мекунад. Оғози рақобати дастаҳои соати 14:00 аст.
Маврид ба зикр аст, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2025 ҳашт даста ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Бар асоси натоиҷи марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба даври баъдӣ роҳ меёбанд. Бозиҳо дар майдонҳои асосӣ ва эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мегарданд.
Қобили зикр аст, ки барандаи Ҷоми Федератсия бар иловаи ҷом 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дарёфт хоҳад кард. Ғолиби медали нуқра бо 30 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ бо 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дастаи “Равшан” дар финали Ҷоми ФФТ бар “Ҳосилот” бо ягона голи Бахтиёр Зарипов зафар ёфта, бори аввал дар таърих ғолиб шуда буд. “Ҳосилот” соҳиби нишонҳои нуқра ва КМВА барандаи нишонҳои биринҷии мусобиқа гардиданд. Бахтиёр Зарипов аз ҳайати “Равшан” беҳтарин бозигари вохӯрӣ дониста шуд.