arzon replenishment
5 фоидаи пучоқи анор ба саломатӣ ва зебоии инсон
732

Пучоқи анор - давои наракҳои рӯй

Пучоқи меваи анор ба пӯсти инсон фоидаовар аст. Пӯсти рӯятон равғанин, рихинакдор аст ё шамол кашидаасту намедонед чӣ кор кунед? Дар ин маврид пучоқи анорро дар равғани зайтун нимбирён карда, ба рӯятон дар шакли ниқоб молед. Онро дар дохили яхдон нигоҳ доред ва дар як ҳафта аз ду маротиба зиёд истифода накунед.

Пучоқи анор - давои сӯхтагӣ

Бо хокаи аз пӯсти хушккардашудаи меваи анор ҷойи сӯхтаро босамар табобат кардан мумкин аст.

Анор - давои кирми рӯда

Донаҳои анори хуб пухтарасида дорои алкалоидҳо, пелтерин, изопелтерин ва метилизопелтерин мебошанд, ки таъсири пурзӯри зидди кирми меъда доранд. Барои гиҷҷаи меъдаро табобат кардан дар 400 грамм оби хунук 40-50 грамм пӯсти майда резашудаи анорро андохта, давоми 6 соат ҷӯшонед. Сипас онро дар оташи пасттар то бухоршавии нисфи маҳлул ҷӯшонед. Маҳлули тайёри хунукшударо кам-кам дар давоми як соат нӯшида, тамом кунед. Баъд аз як соат доруи исҳоловарро нӯшида, пас аз 4-5 соат ҳуқна (клизма) кунед.

Анор - давои дарунрав

Меваи анор дарунравиро қатъ мегардонад, зеро донаҳои анор моддаҳои часпанда доранд. Одамони калонсол донаи анорро майда ва хушк карда, дар як рӯз седонагӣ пас аз таомхӯрӣ аз он истеъмол карданашон лозим меояд. Бо ин мақсад, ба бачаҳо пучоқи анорро ҷӯшонида, обашро менӯшонанд, ҳамчунин шарбати то нисф бо об омехтаи меваи анорро додан мумкин аст. Он дар ҳолатҳои гуногуни дарунравии инфексионӣ давобахш мебошад.

Анор - давои бемориҳои гурда, ҷигар ва...

Истеъмоли шарбати меваи анор ҳангоми шамолкашии гурда, ҷигар, гӯшу чашмҳо, буғумҳо ва узвҳои дохилӣ хеле шифобахш аст. Барои ин ба болои ду қошуқча хокаи пӯсти анор як истакон об рехта, 30 дақиқа ҷӯшонед ва ҳамарӯза ба миқдори 50-граммӣ, 2-3 маротиба қабл аз таомхӯрӣ истеъмол намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД