1xbet
4 миллион сомонӣ ҷарима ва чанд парвандаи ҷиноятӣ барои дуздии барқ
196

Дар пайи сахттар шудани ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ мақомот нисбати чанд нафар сокинони кишвар барои дуздии неруи барқ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Дар ин бора Агентии назорат дар соҳаи энергетика хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, дар моҳи майи соли равон даҳҳо корхонаҳо ва сокинони кишвар барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ дар ҳаҷми 4 миллион сомонӣ ҷарима баста шудаанд.

Агентии назорат дар соҳаи энергетика мегӯяд, ки дар маҷмуъ аз ҷониби мақомот 272 ҳолати “дуздӣ”-и неруи барқ ошкор карда шудааст.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш як корхонаро барои дуздии неруи барқ 44,5 ҳазор сомонӣ ҷарима карда, нисбати се корманди шабакаҳои тақсимоти барқи як ноҳия "барои бемасъулиятӣ дар иҷрои уҳдадорҳои касбӣ" парвандаи маъмурӣ боз карда буданд.

Хотиррасон менамоем, ки дар асоси Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки қоидаҳои истифодаи неруи барқро вайрон ва аз пардохти маблағи барқи истифодашуда саркашӣ мекунанд, аз 27 то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ё аз 3 то 10 сол зиндон карда мешаванд.

Мувофиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ шаҳрвандон, мансабдорон ва соҳибони корхонаҳо аз 1 ҳазору 500 то 22 ҳазору 500 сомонӣ сомонӣ ҷарима карда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД