Gazprom july 2025
4 беморие, ки дар моҳи август авҷ мегиранд
09.08.2025
Oila.tj
77

Август моҳи охирини фасли тобистон аст ва дил мехоҳад аз фурсат истифода бурда, бештар оббозӣ кунем, ба сайру саёҳат равем, вақти худро бо аҳли оила ва дӯстону наздиконамон дар соҳили дарёву оғӯши табиати зебо хуш гузаронида, аз хӯрдани меваю сабзавоти хушбӯю лазиз лаззат барем, вале баъзе бемориҳои тобистонае ҳастанд, ки маҳз дар ҳамин давра тамоми нақшаҳои моро барбод дода метавонанд. Имрӯз мо ба шумо дар бораи 4 беморие маълумот медиҳем, ки дар моҳи август авҷ мегиранд.

Аз энтеровирусҳо эҳтиёт шавед!

Яке аз бемориҳои паҳншудае, ки бештар дар моҳи август авҷ мегирад, инфексияи энтеровирусӣ мебошад. Энтеревирусҳо, ки барангезандаи асосии беморӣ мебошанд. Дар меваю сабзавот, об ва ҳатто хок вуҷуд доранд. Бо сабаби меваю сабзавотро ношуста истеъмол намудан ва ё оббозӣ дар обҳои ифлос кас метавонад аз энтеревирус сироят ёбад. Беморӣ аз шахси сироятёфта низ ба осонӣ ба одамони дар гирду атроф буда мегузарад.

Нишонаҳои беморӣ

Нишонаи аввалини беморӣ то 38–39 ºС баланд шудани табби мариз мебошад. Устухонҳо, сар ва тамоми аъзои бадан ба дард омада, баъдан дилбеҳузурӣ, қайъкунӣ ва дарунрав сар мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо дар бадани мариз, махсусан дар дасту пой ва даҳон доначаҳои сурхак мебароянд.

Одатан нишонаҳои ин беморӣ дар байни чанд рӯз гум мешаванд, вале дар 1–3% ҳолатҳо сироятёбӣ аз энтеревирус метавонад оқибатҳои нохушро ба бор оварда, боиси гирифтор шудан ба менингити серозӣ, осеби ҳароммағз ва авҷ гирифтани бемориҳои музмин гардад.

Ротавирусҳо чӣ хатар доранд?

Бемории дигаре, ки метавонад дар моҳи август истироҳати тобистонаи шуморо халалдор созад, ин гастроэнтерити ротавирусӣ мебошад. Одамон аксаран ҳангоми оббозӣ дар обҳои ифлос аз ин вирус сироят меёбанд. Беморӣ бо роҳи қатрагӣ-ҳавоӣ ва истифодаи ашъёҳои умумӣ низ гузашта метавонад.

Нишонаҳои беморӣ

Нишонаҳои гастроэнтерити ротавирусӣ ба энтеровирус монандӣ дошта, одатан беморӣ бо баланд шудани ҳарорати бадан аз худ дарак медиҳад. Дарди сар, дарди буғумҳо ва аъзои бадан, дилбеҳузурию қайъкунӣ, дарунрав ва дарди шикам нишонаҳои дигари сирояётёбӣ аз ротавирус мебошанд. Дар баъзе ҳолатҳо бинӣ маҳкам шуда, гулӯи мариз дарк мекунад. Ҳолати аз ҳама хатарнок ҳангоми бемории мазкур беобшавии бадан бо сабаби дарунрав ва қайъкунии зиёд аст. Сироятёбии кӯдакони хурдсол аз ротавирус махсусан хавфнок аст, бинобар ин, бо мушоҳида намудани нишонаҳои аввалини беморӣ ҳатман ба табиби сироятшинос ё духтури кӯдакона бояд муроҷиат намуд.

Офтобзадагӣ

Август моҳи охирини фасли тобистон бошад ҳам, ҳаво ҳанӯз хеле гарм буда, гаштугузор дар зери нӯрҳои сӯзони офтоб метавонад боиси офтобзадагӣ гардад. Вақте одам муддати тӯлонӣ дар зери нӯрҳои тафсони офтоб гаштугузор мекунад, гардиши хун дар майнаи сар тезтар мешавад. Аз ҳамин сабаб ҳангоми офтобзадагӣ бештар сар ба дард даромада, мариз ҳатто аз ҳуш рафта метавонад. Нишонаҳои дигари офтобзадагӣ дилбеҳузурӣ, қайъкунӣ,сустшавии дасту пойҳо ва дарунрав мебошанд.

Ҳавои гарм ва офтобзадагӣ хоса барои касоне, ки ба фишорбаландии шараёнӣ, бемориҳои дил ва рагҳои хунгарди он, иллатҳои гуногуни шуш ва узвҳои дигари роҳи нафас гирифтор мебошанд, хавфнок аст.

Бояд гуфт, ки нӯрҳои сӯзони офтоб ба пӯсти инсон низ таъсири манфӣ мерасонанд ва метавонанд боис и пеш аз мӯҳлат пир шудан, гирифтор гаштан ба саратони пӯст ва меланомаҳо гардад.

Бемориҳои узвҳои ҷинсӣ

Ҳангоми фароғату дамгирӣ дар истироҳатгоҳҳо, хоса истироҳатгоҳҳои хориҷӣ аз бемориҳои ҷинсӣ низ эҳтиёт шудан лозим аст. Дар фасли тобистон аксари одамон, махсусан мардон бо сабаби ишқварзии бетартибона дар чунин маконҳо ба ВИЧ-СПИД, сифилис, вируси папиломаи одам ва дигар бемориҳои сироятии ҷинсӣ гирифтор мегарданд, ки табобаташон душвор ва дар баъзе ҳолатҳо номумкин мебошад.

Барои эмин мондан аз чунин бемориҳо аз алоқаи ҷинсӣ бо одамони ношинос худорӣ намоед ё ҳадди ақал баъди бозгашт аз истироҳатгоҳ аз ташхиси тиббӣ гузаред. Бояд гуфт, ки баъзе бемориҳои ҷинсӣ пас аз 3-6 моҳ аз худ дарак медиҳанд, бинобар ин, пас аз ним сол дубора аз ташхис гузаштан лозим аст, то аз вазъи саломатии худ дил пур гардед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД