Дар соли 2024 аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҷамъиятии федератсияҳои варзишии кишвар 1 126 нафар варзишгар, аз ҷумла 354 бонуи узви дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди варзиши олимпӣ ва ғайриолимпӣ ба 82 мусобиқаи сатҳи байналмилалии варзишӣ сафарбар гардидаанд.
Дар ин бора имрӯз раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
- Дар натиҷа ба хазинаи варзишии кишвар 448 медал, аз ҷумла 134 тило, 108 нуқра ва 206 биринҷӣ ворид намуданд, ки натиҷаҳои бадастовардаи варзишгарон нисбат ба соли 2023-юм 87 медал (13 тило, 22 нуқра ва 52 биринҷӣ) зиёд мебошад. Инчунин, дар соли 2024-ум 448 маротиба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бо шарофати дастоварди варзишгаронамон баланд бардошта шуда, 134 маротиба Суруди миллӣ ба хотири дастоварди онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст,- афзуд З. Гулаҳмадзода.