Arzon march 2024
3 мушкили кӯдакони оилаҳои муҳоҷир
6163

Дар замони муосир муҳоҷирати меҳнатӣ ба як ҷузъи зиндагии мардум табдил ёфтааст. Агар пештар танҳо мардон ба хотири дарёфти ризқу рӯзии аҳли оилаи худ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд, акнун бонувон низ азми муҳоҷират мекунанд ва ҳатто шахсоне ҳастанд, ки зану фарзандонашонро бо худ ба муҳоҷират мебаранд. Аммо муҳоҷирати меҳнатӣ дар баробари манбаи хуби даромад будан, мушкилот ва хатарҳои худро дорад.

Мушкили аввали оилаҳои муҳоҷир бо сабаби муҳоҷират аз таҳсил дур мондани кӯдакон аст, зеро на ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд фарзандонашонро дар Русия ва дигар кишварҳо ба мактаб ва боғчаи бачагона диҳанд.

Тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ ҳуқуқи кӯдакон сарфи назар аз миллат, нажод ва динашон баробар аст ва қонунҳои Федератсияи Россия низ ба фарзандони шахсони хориҷӣ, аз ҷумла ба кӯдакони оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ иҷозати таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олии ин кишварро медиҳанд, вале таҷриба нишон медиҳад, ки қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқӣ на ҳамеша дар амал татбиқ мегарданд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ бо сабаби забони русиро ба таври зарурӣ надонистани фарзандонашон, ба талабот ҷавобгӯ набудани сатҳи дониши кӯдакон, мушкил будани ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо, навбати зиёд дар боғчаву мактабҳои ин кишвар ва дигар баҳонаҳои хурду бузург дар додани фарзандони худ ба мактаб ва боғчаи бачагона дар Русия бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мегарданд. Аз ҳамин сабаб коршиносон бе омодагии комил ҳамроҳи худ ба Русия ва дигар кишварҳо бурдани кӯдаконро ба муҳоҷирони меҳнатӣ маслиҳат намедиҳанд, вале...

Ба бобову бибӣ, аммаву хола ва тағову амак монда рафтани кӯдакони хурдсол низ роҳи ҳалли масъала нест. Кӯдаконе, ки волидонашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд, аз навозиш ва меҳру муҳаббати падару модар дур монда, азоби рӯҳӣ мекашанд ва ин чиз ба тарбияи эшон таъсири номатлуб мегузорад. Мушкили дуюми кӯдакони оилаҳои муҳоҷир ҳамин аст.

Зиёд шудани ҳодисаҳои афтидани кӯдакони муҳоҷирон аз тирезаҳои хонаҳои баландошёна дар шаҳрҳои гуногуни Русия мушкили сеюми чунин оилаҳо буда, танҳо фоҷиа ё дарди як оила не,балки дарди ҷомеа аст. Аксаран чунин ҳодисаҳои нохуш бо сабаби хунукназарию бепарвоии волидон сар зада, боиси сахт ҷароҳат бардоштан ва ҳатто марги кӯдакони оилаҳои муҳоҷир мегардад, ки бисёр дарднок, ғамангез ва таассуфовар аст.

Волидонро лозим меояд, ки барои пешгирии чунин ҳодисаҳои дилрешкунанда дар мулки ғурбат хеле эҳтиёткор бошанд ва барои бехатарии фарзандони худ чораҳои зарурӣ андешанд. Насб кардани панҷара дар тирезаҳои хона, маҳдуд кардани дастрасии кӯдакони хурдсол ба ҳуҷраҳое, ки тирезаҳои кушода доранд ва аслан бе назорат нагузоштани кӯдакон дар Русия аз зумраи чораҳои ҳатмие мебошанд, ки ҳар як оилаи муҳоҷир бояд ба хотири бехатарии фарзандони худ андешад.

Ба кӯдакон бояд фаҳмонд, ки дар кӯча бо одамони бегона суҳбат кардан, аз дасти шахси ношинос чизе гирифтан ва ё ҳамроҳаш ба куҷое рафтан мумкин нест, зеро хатари афтидани кӯдакони ноболиғ ба чанги афроди ҷиноятпеша дар муҳоҷират калон аст.

Ногуфта намонад, ки пешгирии ҳодисаҳои нохуши афтидани кӯдакон аз тиреза, гирифтор гаштани ноболиғон ба зӯроварии равонӣ, ҷисмонӣ, шаҳвонӣ ва марги кӯдакони оилаҳои муҳоҷир бар асари фоҷиаҳои дигар танҳо масъулияти волидон набуда, дар маҷмӯъ тамоми ҷомеа бояд сари ин масъала андеша намоянд.

Мақомот низ бояд ҷиҳати бехатарии ҳаёти кӯдакон, дастрасии фарзандони оилаҳои муҳоҷирон ба таҳсил, хизматрасониҳои тиббӣ ва ҳалли мушкилоти дигари фарзандони оилаҳои муҳоҷир бояд чораҳои зарурӣ андешанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД