sebiston july new
3 медали тилло ва комёбиҳои варзишии Эмомалӣ Нуралӣ
677

 

Эмомалӣ Нуралӣ яке аз беҳтарин ҷудокорони ҷавони тоҷик мебошад, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзю-до байни ҷавонон ғолиб омадааст.

Ин паҳлавони ҷавон 8-уми апрели соли 2002 дар деҳаи Ҳилолии вилояти Хуросон ба дунё омада, мактаби миёнаи рақами 47-и зодгоҳашро, ки падараш дар он ҷо омӯзгор буд, хатм кардааст. Падараш дар баробари омӯзгорӣ дар деҳа толори варзишӣ дошт ва шогирдони зиёде дар он ҷо тамрин мекарданд. Эмомалӣ ҳанӯз аз синни 8-солагӣ дар ҳамон толор ба варзиш машғул шуда, устоди аввалинаш маҳз падараш Нуралӣ Бобокалонов буд.

Баъд аз хатми мактаби миёна Эмомалӣ Нуралӣ ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба риштаи ҳуқуқшиносӣ дохил шуд. Дар баробари таҳсил дар донишгоҳ вай ҳамзамон дар мусобикаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок мекард ва ду маротиба сазовори ҷои 1-ум ва 2-юм гашта, як маротибаи дигар ҷои 3-юмро дар вазни 66 кг ба даст овардааст.

Соли 2022 Ҷоми ҷаҳон оид ба дзюдо байни ҷавонон дар Гукил баргузор гардид ва Эмомалӣ Нуралӣ дар ин мусобиқот барандаи медали тилло гашт. Соли 2023 вай дар мусобиқаи Judo Grand Slam, ки дар шаҳри Тошкант баргузор гардид, ширкат варзида, медали тилло ба даст овард. Бо гузашти як сол дар мусобиқаи зикргардида Эмомалӣ боз барандаи медали тилло шуд.

Соли 2024 мусобиқаи Judo Grand Slam дар Анталия баргузор гардид ва Эмомалӣ Нуралӣ ин дафъа медали нуқра ба даст овард.

Айни замон Эмомалӣ Нуралӣ тамринҳояшро дар маҳфили дзюдо ба номи Парвиз Собиров идома дода истодааст. Мо ба ин варзишгари ҷавони тоҷик барору комёбиҳои нав ба нави варзиширо орзу дорем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД