3 маслиҳати муфид дар бораи харид дар бозор
174

Харид кардан дар бозор на танҳо як роҳи хуби сарфаи маблағ, балки имкони интихоби маҳсулоти тару тоза мебошад. Аммо, ин фақат дар сурати донистани чанд қоидаи оддӣ имконпазир аст.

Пеш аз харид нақша тартиб диҳед

Пеш аз рафтан ба бозор, рӯйихати маҳсулоти заруриро тартиб диҳед. Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки аз хариди чизҳои ғайризарурӣ худдорӣ намуда, харидро бо тартиб анҷом диҳед.

Ба андешаи Маҳина Ҷӯраева, иқтисодшинос, барои сарфакорӣ дар хариди рӯзмарра, шахс бояд одати тартиб додани рӯйихати пешакии маҳсулотро пайдо кунад. “Харид бе нақша одатан ба харҷи нолозим оварда мерасонад”,- мегӯяд ӯ.

Маслиҳат: Барои сарфаи бештари вақт, маҳсулоте, ки муҳлаташ вайрон намешавад ё дароз аст, аз мағозаҳо ё супермаркетҳо харед. Зеро одатан нархи онҳо пасттар аст ё тахфиф ҷорӣ шудаст.

Нархҳоро муқоиса намоед

Дар бозор нархи маҳсулот бештар ба фурӯшанда вобаста аст ва фарқ мекунад. Бинобар ин, пеш аз анҷом додани харид, ҳадди ақал дар ду-се дӯкон ё растаҳои бозор нархҳоро пурсед, муқоиса намоед.

Маслиҳат: Дӯкону растаҳои дохили бозор ё онҳое, ки дар охири қаторанд, аксар вақт нархҳои дастрас пешниҳод мекунанд.

Аз савдо кардан наҳаросед

Савдо кардан як амали муқаррарӣ ва қобили қабул дар бозор аст. Бо фурӯшанда хушмуомила бошед. Эҳтиром дар муошират ин метавонад ба коҳиши нарх мусоидат намояд.

Ҳамчунин, барои пешгирӣ аз харҷи зиёдатӣ, бо худ танҳо миқдори муайяни пул гиред, ки ба рӯйихати маҳсулоти лозима мувофиқат кунад. Ҳамчунин, дар вақти муқоисаи нархҳо, ба сифати маҳсулот низ аҳамият диҳед. Баъзан арзонтарин маҳсулот метавонад бесифат ё муҳлаташ гузашта бошад.

Маслиҳат: Саволи оддии “Нархи охиринаш чанд?”, “Арзонтар намешавад?” метавонад натиҷаи хуб диҳад. Яъне, нархи маҳсулот паст ва маблағи сарфашуда ба хариди чизҳо дигар истифода мешавад.

Маслиҳатҳои иловагӣ

Якум, бо табассум ва хушмуомила муносибат намоед. Эҳтироми шумо ба фурӯшанда метавонад ба гирифтани маҳсулоти арзонтар сабаб гардад.

Дуюм, миқдори харидро зиёд намоед. Агар чанд маҳсулот ё миқдори зиёд харед, имкони тахфиф бештар мешавад.

Сеюм, вақти муносибро интихоб кунед. Дар охири рӯз баъзан фурӯшандаҳо омодаанд маҳсулотро бо нархи пасттар фурӯшанд, то маҳсулот боқӣ намонад.

Дар маҷмуъ, бо хариди оқилона дар бозор метавонед на танҳо маблағатонро сарфа кунед, балки таҷрибаи хуб дар зиндагӣ гиред. Бо рӯйихати харид, муқоисаи нархҳо, муоширати хуб бо фурӯшанда ва маҳдуд кардани хароҷот, шумо метавонед як хариди муфиду босамар анҷом диҳед.

Усмон РАҲИМЗОДА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД