Аслан дар ҳар як ид вобаста ба хусусиятҳои хоси он ҷашн дастурхон оростан лозим аст. Оростани дастархони солинавӣ низ қоидаҳои хоси худро дорад.
Имсол дар оростани дастурхон барои ҷашнгирии “Соли Нав” шумо бояд ба анъанаҳои оилавиатон баъзе дигаргуниҳоро ворид намоед.
Ҳангоми оростани дастархони солинавӣ рамзи солро ба назар гирифтан муҳим аст. Соли 2025 соли Мор аст, аз ин лиҳоз, дар мизи солинавӣ хӯрокҳои бирёншуда, аз ҷумла мурғи бирёншуда, табака, моҳибирён, гӯштбирён ва ҳар гуна хӯришҳои болаззату ороиши солинавӣ доштаро истифода баред.
Дар ёд дошта бошед, таомҳое, ки барои хони шаби солинавӣ аз рӯи табъу завқи ҳокими сол тайёр карда мешаванд, ба хонадон файзу баракат меоранд.