Arzon march 2024
3 ҷавони ҳунарманде, ки санъати тоҷикро машҳур намуданд
1132

 

Суруду мусиқӣ сарҳад надорад, зеро таронаи дилкашу навои гӯшнавоз марзҳоро убур намуда ба дил шӯру шарар мебахшад.

Суруди хуб сарфи назар аз он ки ба кадом миллату халқият тааллуқ дорад ё бо кадом забон суруда шудааст, дили инсонро ба ваҷд меорад. Далели равшани ин гуфтаҳо ғолибияти ҷавонони тоҷик дар озмунҳои баландпойи хориҷӣ мебошад.

Тайи чанд соли охир овозхонҳои ҷавони тоҷик бо пешниҳоди беҳтарин сурудҳо дар озмунҳои гуногуни хориҷӣ диққати тамоми мухлисони савту наворо ҷалб карданд. Ин ҷавонони боистеъдод дар машҳуртарин озмунҳои мусиқии ҷаҳонӣ ширкат варзида, ғолибият ба даст овардаанду санъати тоҷикро машҳур гардониданд.   

Ин навбат мо тасмим гирифтем аз рӯзгори се сарояндаи муваффақи тоҷик, ки дар озмунҳои байналмиллаӣ ғолиб гаштанд, ба мухлисони азизи сомонаи Оила.тҷ. қисса намоем. 

Манижа Сангин-тоҷикдухтари мубориз

Манижа Сангин замоне  шӯҳрати байналмилалӣ пайдо намуд, ки дар озмуни “Eurovision” бо суруди “Зани рус” кишвари Русияро  намояндагӣ кард. Сурудҳои Манижа дар қалби тамошобинон эҳсосоти воқеиро ба вуҷуд меорад. Хоса суруди «Зани рус» миёни мухлисон хеле маҳбубият пайдо кардааст. Мавсуф соли 2021 дар озмуни байналмилалии «Eurovision» дар сафи даҳгонаи беҳтарин қарор гирифта буд. Қабл аз ин, Манижаи Сангин дар  синни 12-солагиаш лауреати фестивали байналмилалии «Таланти Каунас» гашта буд. 

Ин бонуи хушсадои тоҷик 32-сол дошта дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Алҳол Манижаи Сангин дар Федератсияи Русия кору фаъолият мебарад. 

Ясмина Алидодова арабҳоро қоил кард

Ясмина Алидодоваи 20-сола низ як овозхонҳои тоҷик аст, ки бештар дар озмунҳои байналмиллалии мусиқӣ ширкат меварзад. Ин духтараки соҳибистеъдод бо се забон-англисӣ, арабӣ ва ҳиндӣ ҳарф мезанаду тарона мехонад. Мавсуф дар ҷаҳони араб хеле зуд маҳбубияту маъруфият пайдо кардааст. Ясмина иштирокчии мусобиқоти сершумори байналмиллалӣ мебошад. Ӯ дар озмунҳои мусиқии «Gems Academy Schools», «Asi's Singing Superstar» ва  реалити-шоуи мусиқии кӯдаконаи «Ту кистӣ»  ва даҳҳои дигар иштирок кардааст. Ахиран ӯ дар озмуни “X Factor”, ки дар он ҳунармандони ҷавони соҳибистеъдод иштирок мекунанд, ширкат варзид. Бояд гуфт, ки Ясмина аз 6 –солагӣ бо овозхонӣ машғул буда, айни ҳол дар Дубай зиндагӣ дорад. 

Муваффақияти Фаррух Ҳасанов 

мояи ифтихори миллат аст

Фаррух Ҳасанов  дар озмуни  «Central Asia Got Talent» миёни дӯстдорони савту наво бештар  маъруфияту маҳбубият пайдо кард. Ин ҷавони соҳибистеъдод 25-сол дошта солҳост, ки ба овозхонӣ машғул мебошад. Мавсуф соли 2022 дар озмуни миллии «Tarona Music Award» сазовори ҷоиза  гардида буд. Охирон озмуне, ки Фаррух Ҳасанов дар он ғолиб омад "Ну-ка, все вместе" буд. 

"Ну-ка, все вместе!"  мавсими панҷуми озмуни шабакаи телевизионии «Россия-1»-и Федератсияи Русия мебошад. Фаррух дар он  соҳиби "Шоҳҷоиза" гардид. 

Сарояндагони тоҷик новобаста аз он ки дар кадом озмуни байналмилалӣ аз номи кадом кишвар ҳунарнамоӣ мекунанд пайваста аз миллату халқияти худ ифтихор менамоянд. Манижа, Ясмина ва Фаррух низ дар саҳнаҳои бузурги ҷаҳон  тоҷик будани худро гуфта, бо таронаҳои худ обруи миллат ва санъати тоҷикро баланд бардоштанд.   

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД