Сафармуҳаммади Рустам, овозхони 25-солаи тоҷик, ки чанд муддат суруди наве нашр накарда буд, ин ҳафта хотири мухлисонашро бо таронаи ҷадид шод гардонид.
Суруди нав “Амор” ном гирифта, матнаш ба қалами шоири шинохта Орзу Исоев тааллуқ дорад. Сафармуҳаммад порчаеро аз таронаи наваш дар Инстаграм нашр намуда, аз мухлисонаш пурсидааст, ки оё тарона ба онҳо писанд омад ё на? Мухлисони ӯ бо шарҳҳои бешумори худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ “Амор”-ро беҳтарин суруди тобистонаи имсол унвон кардаанд. То ҳол суруди нави Сафармуҳаммадро дар саҳифаи “Safarmuhammadmusic” дар шабакаи YouTube зиёда аз 24 ҳазор нафар гӯш кардаанд. Сафармуҳаммад ягона бародари овозхони шинохтаи тоҷик Меҳрнигори Рустам буда, бо сабку услуби ба худаш хос бештар миёни ҷавонон маъруф аст.