Арзу шикоятҳо дар боби тақсимоти замин хеле зиёд буда, бисёриҳо аз он шиква мекунанд, ки бе пул соҳиби замин гаштан амрест маҳол. Агентии мубориза бо фасоди ҷумҳурӣ аз боздошти боз як мансабдор хабар додааст, ки дар қаллобӣ дар тақсими замин мутаҳам дониста мешавад.
Муовини раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Деваштич Т.М-ро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кардаанд. Тибқи иттилоъи дафтари матбуотии агентии зидди фасод боздошти муовири раис дар асоси аризаи як шаҳрванд, ки ному насаби аслиаш пинҳон дошта мешавад, сурат гирифтааст. Дар хабар гуфта шудааст, ки боздоштшуда аз ин шаҳрванд барои ба номи бародараш ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 3000 сомонӣ гирифтааст, вале ба ин ҳам қонеъ нагашта, барои ҷудо карда додани қитъаи замин барои сохтмон боз 20000 сомонии дигар талаб кардааст. Аз ин маблағ 13000 сомониашро пешакӣ гирифта бошад ҳам, нафси бад-балои ҷон гуфтагӣ барин, муовини раис боз 7000 сомонии дигар талаб мекунад ва ҳамин тавр ба дом меафтад. Тавре ки манбаъ менависад:
"Зимни аз ҷониби кормандони Агентӣ гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ баъди аз шаҳрванд "А" гирифтани маблағи 7000 сомонӣ охирон дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд..."
Айни замин нисбати М.Т. бо банди “а”-и қисми 3-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар сурати собит шудани гуноҳаш ба ӯ ҷарима ба андозаи аз 54 то 67 ҳазор сомонӣ ва ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол таҳдид менамояд.