Arzon accountant
2 муҳоҷири тоҷикро барои ҷанҷол бо журналистони рус боздошт карданд
788

Имрӯз дар Екатеринбург ду муҳоҷири меҳнатии тоҷикро барои ҷанҷол бо журналистони рус боздошт намуда, нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд. Муҳоҷирон дар латукӯби хабарнигорони шабакаи телевизионӣ айбдор карда мешаванд. Дар ин бора vesti.ru дар такя мақомоти қудратии Свердловск хабар додааст.

Ҳодиса имрӯз, 5-уми июн дар кӯчаи Сулимов рӯй дода, муҳоҷирони тоҷик журналистони русро, ки дар бораи бақайдгирии қалбакии муҳоҷирон гузориш омода мекардаанд, лату кӯб кардаанд.

“Кормандони як шабакаи телевизионии маҳаллӣ дар назди бинои Хадамоти муҳоҷират дар бораи бақайдгирии қалбакии муҳоҷирон гузориш тайёр мекардаанд ва якбора чашмашон ба шахсе афтидааст, ки бидуни талаб кардани шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ симкорт мефурӯхт. Журналистон ин лаҳзаҳоро ба навор мегиранд. Дар натиҷа байни муҳоҷирон ва журналистони рус моҷаро сар мезанад.

Ба иттилоъи манбаъ, дар рафти ин моҷаро муҳоҷирони меҳнатии тоҷик камераи телевизионро зада шикастаанд ва журналистро, ки зан будааст, латукӯб кардаанд.

Яке аз боздоштшудагон шаҳрвандии Федератсияи Россия ва дигарӣ иҷозаи зист дар ин кишварро доштааст, аммо пас аз ин моҷаро ин ду нафарро кунҷи зиндон ё ихроҷ шудан аз Россия интизор аст.

Айни замон нисбати муҳоҷирони тоҷик бо далели монеъагӣ эҷод намудан ба фаъолияти қонунии журналистон ҳангоми иҷрои вазифаи касбиашон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти ин қазия идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД