Дар ноҳияи Восеъ чанд нафар бо аломатҳои заҳролудшавии шадид ба беморхона афтидаанд.
Ба иттилоъи баъзе манбаъҳо ду кӯдак аллакай бар асари заҳролудшавӣ ба ҳалокат расида, вазъи саломатии 5 нафари дигар вазнин аст.
Ҳодиса дар ҷамоати деҳоти Мирзоалӣ Вайсови ноҳияи Восеъ рӯй дода, 5 нафар сокинони ин минтақа бо аломатҳои заҳролудшавии шадид дар беморхонаи марказии ноҳияи бистарӣ карда шудаанд.
Ба иттилоъи сардухтури беморхонаи марказии ноҳия Иброҳимзода Сарахон эҳтимол меравад, ки заҳролудшавӣ аз маводи селитра ба вуҷуд омада бошад.
-Дар беморхона барои ноҷоти онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ба хизматрасонии саривақтии тиббӣ фаро гирифта шудаанд. Айни ҳол барои беҳтар шудани вазъи саломатӣ маризон табибон кӯшиш карда истодаанд,- гуфтааст сардухтур.
Ба иттилоъи манбаъ Иброҳимҷон Қосими 5-сола ва Абубакр Аламшоҳи 11-сола шаби 16 ба 17-июл дар бемористонҳои Кӯлоб ва Восеъ даргузаштаанд.
Тибқи маълумоти расонаҳо аҳволи Абубакри Аламшоҳ шабона бад шуда, ӯро ба бемористони Восеъ бурдаанд. Табибон ба ӯ сӯзандорӯ гузаронида ба хона ҷавоб медиҳанд, вале аҳволаш дубора бад мешавад ва ин дафъа ӯро ба беморхонаи Кӯлоб мебаранд. Мутаассифона, талошҳои табибон барои наҷот додани ҷони ин наврас натиҷаи дилхоҳ надода, Абубакр дар беморхона даргузаштааст.
Иброҳимҷони Қосимро як рӯз баъди Абубакр дар беморхонаи ноҳияи Восеъ бистарӣ кардаанд, вале ӯ низ шаби 16 июл аз олам гузаштааст.
Ба ҷуз ду нафар фавтидагон боз панҷ кӯдаки дигар бо аломатҳои заҳролудшавӣ дар беморхонаи ноҳияи Восеъ бистарӣ шудаанд, ки ҳамаи онҳо сокинони деҳаи Баҳористон мебошанд, вале аъзои як оила нестанд. Пизишкон мегӯянд, аз наврасон хун гирифта, барои ташхис ба Душанбе фиристодаанд, то дақиқ шавад, ки онҳо аз чӣ заҳролуд шудаанд.