Arzon march 2024
17 ҷудокори тоҷик дар Tashkent Grand Slam 2025 иштирок мекунанд
328

Мусобиқаи навбатии “Сайри ҷаҳонии ҷудо” - ин мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2025 мебошад, ки дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад. Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 17 ҷудокор намояндагӣ хоҳанд кард.

Мусобиқа рӯзи 28-уми феврал оғоз ёфта, то 2-юми март идома меёбад.

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 17 нафар (13 мард, 4 зан)-ро ба ин мусобиқа хоҳад фиристод. Ин ҷудокорон Меҳрзод Сӯфиев, Ҳақдод Гулов (-60 кг), Эмомалии Нуралӣ, Умар Шеров (-66 кг), Муҳиддин Асадуллоев, Абубакр Шеров (-73 кг), Суннатулло Мусоев, Муҳаммад Юсуфзода (-81 кг), Умедҷон Раҷабов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Кароматулло Ҳакимов (-100 кг), Мансур Раҳмон (+100 кг), Аҳлия Муминова (-48 кг), Мадина Қурбонзода (-52 кг), Александра Кан (-57 кг) ва Виктория Кисилёва (+78 кг) мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар ин мусобиқа Эмомалии Нуралӣ зери вазни то 66 кг медали тило гирифта буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД