arzon replenishment
16 занро бо маводи мухаддир боздошт кардаанд
334

Нашъамандию нашъаҷаллобӣ дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Мутаассифона, дар байни шахсони бо қочоқ ва хариду фурӯши маводи мухаддир сарукордошта занону духтарон низ ҳастанд.

Дар давоми шаш моҳи соли равон зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар 2 тоннаву 89 кг воситаҳои нашъадор ва 1 ҳазору 75 адад ҳабҳои синтетикии мадҳушкунанда мусодира карда шудааст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд.

Тавре Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, муовини аввали вазири корҳои дохилии кишвар гуфт, аз шумораи умумии афроде, ки дар робита бо ҷиноятҳои қочоқ, интиқол ва хариду фурӯши маводи нашъаовар боздошт шудаанд, 16 нафарашон занон мебошанд.

Нашъамандӣ низ дар байни занону духтарон торафт афзуда истодааст. Бино ба маълумоти Кумитаи кор бо занон ва оила, дар нимсолаи аввали соли 2024 дар ҷумҳурӣ 109 нафар занони мубталои нашъамандӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳодиса бештар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД