Тоҷикистонро дар XX-умин Бозиҳои Осиёӣ, ки моҳи сентябр дар Ҷопон баргузор мешаванд, 117 варзишгар намояндагӣ хоҳанд кард.
Мусобиқаи қоравӣ аз 19-уми сентябр то 4-уми октябри соли 2026 дар шаҳрҳои Айчи ва Нагоя баргузор мешавад. Дар он намояндагони 45 кишвару минтақаи Осиё иштирок мекунанд. Ин барои варзишгарони тоҷик имкони дигаре барои нишон додани қудрати варзиши кишвар дар бузургтарин майдони варзишии қитъа хоҳад буд. Барномаи Бозиҳо намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла ҷудо, бокс, гӯштини тарзи озод, таэквондо, варзиши сабук, шиноварӣ, вазнбардорӣ ва дигар намудҳоро дар бар мегирад.
Тоҷикистон аз соли 1994 дар Бозиҳои Осиёӣ иштирок мекунад. Дар ин муддат варзишгарони кишвар ба хазинаи миллӣ 34 медал ворид кардаанд: 6 тило, 7 нуқра ва 21 биринҷӣ. Акнун дар арафаи оғози Бозиҳои Осиёии Айчи-Нагоя таваҷҷуҳи асосӣ ба он равона шудааст, ки корвони 117-нафараи варзишгарони тоҷик бо чӣ натиҷа ба Ватан бармегардад. Оё Тоҷикистон метавонад рекорди медалҳои худро нав кунад? Ҷавоби ин саволро майдонҳои варзишии Ҷопон хоҳанд дод.