11 корхонаи коркарди хушкмеваҳо аз Тоҷикистон дар намоишгоҳи “Gulfood”, ки 17-уми феврал дар шаҳри Дубай оғоз гардида, то 21-уми феврал идома меёбад, иштирок доранд.
Бино ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, ҳафт корхона аз ин миён - “Водии меваҳо”, “Оро Исфара”, “Исфара Фуд”, “Меваи тилоӣ”, “Меваи заррин”, “Висол” ва “Тути Помир” дар баробари 5500 корхонаи дигар аз 130 кишвари дунё дар девораи вижаи Тоҷикистон маҳсулоти тозатарини худро ба ҳазорон бинанда аз саросари дунё намоиш медиҳанд. Ба ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин иттиҳодияҳои соҳавӣ ба ҳайси боздидкунанда шомиланд.
Тавре зикр мегардад, ин сафар ва иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) - “Пешбурди тиҷорат дар Шарқ: Кишварҳои Балкан ва Осиёи Марказӣ” (TPE), ки маблағгузораш Ҳукумати Швейтсария мебошад, баргузор мешавад.
Намоишгоҳ барои корхонаҳои коркарди хушкмеваи тоҷик имкони хубе фароҳам меорад, то маҳсулот ва имкониятҳои худро муаррифӣ ва тарғиб намоянд, ҳамкориҳои эҳтимолии тиҷоратиро баррасӣ карда, бо раванд ва тамоюлоти нави бозор дар минтақа шинос шаванд.