Се ҷавони авбош барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва напардохтани ҳақи роҳкиро дастгир карда шуданд. Дар ин бора сомонаи расмии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки инҳо Сафаров Меҳроҷиддин Сайфиддинович, санаи таваллудаш 27.02.1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Бахтобод, Маҳмадраҳимов Парвиз Маҳмадраҳимович, санаи таваллудаш 25.11.1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Сана ва Муқимов Шаҳбоз Бароталиевич, санаи таваллудаш 01.02. 1993, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошанд. Номбурдагон санаи 23-юми феврали соли ҷорӣ, тахминан соати 19:00 аз кӯчаи Бухорои шаҳри Душанбе ба автомашинаи мусофиркаш нишаста, дар ҳудуди шаҳри Душанбе то соати 21:50 дақиқа сайру гашт намудаанд. Пас аз ба беморхонаи “Истиқлол” расидан, маблағи роҳкиро 100-сомониро ташкил додааст, вале мусофирон аз пардохти маблағ саркашӣ намуда, ҳамзамон ронандаро латукӯб кардаанд.
Айни замон барои дағалона тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудан ва авбошӣ нисбати инсе нафар барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 237-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.