Фонди рушди Саудӣ омодагии худро барои тақдими қарзи рушд барои сохтмони НБО Роғуг бо маблағи 100 миллион доллар изҳор намуда, бо ин тартиб дар сархати аввалин фондҳои ҷаҳонӣ оид ба тақдими чунин маблағҳо барои НБО Роғун қарор гирифт.
Ин маблағ 50 фисади ҳаҷми умумии маблағҳои тақдимкрадаи ин Фондро аз оғози фаъолияти худ дар соли 2002 дар Тоҷикистон ташкил дода, ҳамзамон ин иқдом таваҷҷуҳи калони Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудиро ҷиҳати дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистони бародар дар амалисозии лоиҳаҳои рушди стротегии ояндадори кишвар инъикос менамояд.
Валид ибни Абдурахмон Ар- Решайдан, Сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нуқтаро имрӯз, якуми ноябри соли ҷорӣ зимни нишасти хабариаш бо журналистон ироа намуд.
"Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои Тоҷикистон барои хониши солҳои 2023 -2024 138 бурсаи таълимӣ тақдим намуда, дар ҳолати дархости иловагӣ ин адад бештар карда мешавад. Тибқи системае, ки Вазорати маориф дорад, ин бурсаҳо барои як сол тақдим карда мешавад ва дар сурати истифода пурраи ин бурсаҳои таълимӣ бурсаҳои иловагӣ барои соли хониши нав дода мешавад," илова кард муҳтарам Сафир
Лоиҳаи НБО Роғун аввалин лоиҳа дар сатҳи давлатӣ ва бузургтарин лоиҳа дар минтақа ба шумор меравад.