Мунтахаби футзали Тоҷикистон барои нахустин бор дар таърихи худ ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки моҳи сентябри соли 2024 дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳхат гирифт.
Нуралӣ Хоркашев, як шахси масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон гуфт: “Новобаста аз бохти охири футзалбозони тоҷик дар бозие, ки дар доираи мусобиқоти “Ҷоми Осиё-2024” дар Бангкок баргузор шуд, варзишгарони мо дар маҷмуъ маҳорати хуби варзишӣ нишон доданд. Аз ҳамин хотир, Раиси шаҳри Душанбе ва Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба футзалбозони тоҷик таҳсину офарин хонда, барояшон 100 ҳазор доллар мукофотпулӣ ҷудо намуд - 50 ҳазор доллар барои баромадан аз марҳилаи гурӯҳӣ ва 50 ҳазор доллар барои нишон додани натиҷаҳои назаррас дар мусобиқоти “Ҷоми Осиё-2024”.
Ёдовар мешавем, ки футзалбозони тоҷик бо шикаст хӯрдан аз тими миллии Ӯзбекистон ба гирифтани мақоми чаҳорум дар мусобиқоти “Ҷоми Осиё-2024” ноил гаштанд. Акнун онҳо бо неруи тоза барои мусобиқоти қаҳрамонии “Ҷоми ҷаҳон” омодагӣ мебинанд.