Oila Navruz
10-СИРРИ ТАТУАЖИ ЛАБ
2799


Замоне қалами қошу чашм ва лабсурхкунак беҳтарин ороишти занона ба шумор мерафтанд, вале замона дигар гашта, бонувони муосир барои зебову дилкаш намудан аз технологияҳои муосир ва усулҳои нав ба нави зебоӣ истифода мебаранд.

Яке аз ин усулҳо татуаж мебошад, ки сарфи назар аз синну сол ва касбу корашон дар байни тамоми хонумҳо мӯд шудааст.

Ман аз актрисса чӣ кам?!
Тахминан 10-сол пеш танҳо сарояндагон ва ҳунарпешаҳои машҳур ба хотири ҷавону пуртароват намудан пули калон сарф карда, ҷарроҳии пластикӣ ва татуаж мекарданд, аммо акнун татуаж дар байни тамоми хонумҳо ба ҳукми анъана даромад, ҳатто занҳои қуръонхону сатпӯш ва духтаракони хеле ҷавон абрӯву лабони худро татуаж мекунанд.
Албатта хурсандиовар аст, ки бонувони мо ба зебоии худ диққати хоса медиҳад ва имрӯз сари ҳар қадам хонумеро дучор омадан мумкин аст, ки аз ситораҳои эстрада ё актрисса ягон камбудӣ надорад, аммо татуаж нозукӣ ва қоидаҳои хосаи худро дорад, ки ҳар як зан бояд бидонад. Имрӯз мо дар бораи 10 сирри татуажи лаб сӯҳбат мекунем.

photo_2021-08-20_09-46-19

1. Татуаж занро ба саратон гирифтор месозад?
Тавре ки зикр кардаем, талабот ба татуаж дар замони муосир рӯз ба рӯз меафзояд, вале дар баробари ин овозаҳои хушу нохуш низ дар бораи ин амалиёт хеле зиёданд. Яке мегӯяд, ки татуаж кардан ба саломатӣ зарар дорад, дигарӣ воҳима мекунад, ки татуаж занро ба саратон пӯст гирифтор месозад, саввумӣ ҳадс мезанад, ки баъди чанд сол пӯсти лаб ё мавзеи дигари татуаж шуда пажмурда гашта, халта мезанад ва бонуи замоне бо ёрии ин амал зебову дилкаш гашта, бадафту хунук мешавад, аммо муттахассисони соҳаи татуаж ин овозаҳоро куллан рад мекунанд. Ба гуфти онҳо, бо афзун гаштани талабот ба микроблейдинги абрувон, татуажи лаб, чашм ва намудҳои дигари татуаж технологияҳои он низ пеш рафтаанд. Акнун ин амалиёт нисбат ба солиёни қаблӣ безарартар гузаронида мешавад. Пештар ранг ба зери пӯст хеле чуқурр гузаронида шуда, осори татуаж то 10-сол боқӣ мемонд. Албатта бо мурури вақт он сифати худро аз даст медоду ранги кабудфом гирифта ба назар бегона ва бисёр безеб менамуд, аммо акнун татуаж ба таври хеле нозук ба қабати тунуки пӯст гузаронида мешавад. Дар натиҷа лабҳо табиӣ ба назар мерасанд ва татуаж таровати ҳусни занро бештар ҷилва медиҳад. Маҳз аз ҳамин хотир занону духтарон татуаж мекунанд, то ҳуснашон табиӣ намуда, ҳамеша зебо, ҷавон ва пуртароват бошанд.

2. Мутахассиси хуб ёбед!
Агар шумо татуаж карданӣ бошед, пеш аз ҳама бояд на дар хусуси пул, балки дар бораи чи тавр пайд кардани муттахассиси хуб фирк кунед, зеро ин амал бисёр нозук буда, онро танҳо шахсе бояд анҷом диҳад, ки аз тамоми нозукиҳои кор хабар дорад. Лабҳои шумо то кадом андоза баъди татуаж дилкашу зебо мешаванд, аз маҳрати шахсе вобаста аст, ки амалиётро анҷом медиҳад. Як ҳаракати ноҷои устои татуаж метавонад боиси норуст ва каҷ рафтани хати атрофи лабҳо гардад. Дар натиҷа лабҳо ба назар каҷ намуда, татуаж ба ҷойи он ки шуморо мисли ситораҳои синамо хушрӯю ҷозиб созад, баръакс нуқсдор ва баднамуд мегардонад. Аз ҳамин хотир пеш аз оне, ки татуаж мекунед, ба кори усто диққат диҳед. Бо мизҷонаш сӯҳбат карда бубинед, ки баъди татуаж кардан лабонашон то кадом андоза зебову хуштарҳу дилкаш гаштаанд.

3. Омодагӣ ба татуаж
Қабл аз татуаж кардан ба он ҳаматарафа омодагӣ гирифтан лозим аст. Шумо бояд қабл аз ҳама рӯҳан ба ин амалиёт тайёр бошед. Тарсу ҳарос ва фикрҳои мағшушро аз саратон дур андохта, бештар дар бораи он фикр кунед, ки баъди татуаж ба як хонуми дилкашу дилфиреб табдил хоҳед ёфт.
Гуфтагӣ барин, фаромӯш накунед, ки нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ ва дорӯҳое, ки хунро тунук месзанд, пеш аз татуаж манъ аст, зеро гардиши хун хеле тез шуда, имкон намедиҳад, ки пигмент ба зери пӯст биафтад. Дар натиҷа татуаж самар намедиҳад ё рангаш хира мебарояд.

4. Интихоби ранг
Дар интихоби ранг эҳтиёт бошед, чунки татуаж як соли дароз боқӣ монда, онро тоза кардан қариб, ки имкон надорад.Албатта ҳар як зан метавонад ранги бо табъ ва завқи худаш мувофиқро интихоб кунад, вале мутахассисони соҳа истифода бурдани рангҳои бисёр баландро маслиҳат намедиҳанд, зеро лаби суп-сурх ё гуллобии баланд сохта будани ҳусни занро нишон дода, таровати табии чеҳраи зан гум мешавад.

5. Татуаж то кадом андоза дарднок аст?
Аслан татуаж чандон амалиёти дарднок нест, вале занҳое, ки бисёр ҳассос ҳастанд, барои ҳис накардани дард ба лабошатон ягон малҳами бедардкунанда молида метавонанд. Истифодаи лидокаинро маслиҳат намедиҳем, чунки ин дорӯ метавонад боиси аллергия гардад.

6. Мӯҳлати татуаж
Мӯҳлати татуаж тахминан як сол аст. Пас аз ин занро лозим меояд, ки ин амалиётро такрор намуда, дубора татуаж кунад. Амалиёт бе зарар мегузарад, агар шумо аз хизмати мутахасисси касбӣ истифода баред.

7. Пас аз татуажчӣ бояд кард?
Қоидаҳое вуҷуд доранд, ки баъди татуаж риоя карданашон шарт аст. Ин қоидаҳо хеле оддӣ буда, сарфу харҷоти иловагӣ намехоҳанд.
1. Пас аз гузаронидани амалиёт чанд рӯз мавзееро, ки татуаж шудааст, нашӯед, чунки ин метавонад боиси шуста шудани ранг гардад.
2. Корҳоеро, ки боиси арақ кардан мегарданд, анҷом надиҳед.
3. Ба сауна, басейн ва солярӣ наравед.
4. Дар зери офтоби сӯзон нагардед.
5. Аз гузаронидани амалиётҳои косметикӣ-пилинг худдорӣ намоед.

8. Оризаҳои татуаж
Баъзеҳо пас аз татуаж пӯст партофтани лабҳояшонро дида ба даҳшат меафтанд, вале ин тамоман хавфнок нест. Татуаж метавонад баъзе оризаҳоро аз қабили пӯстпартӣ ва варами сабуки лабҳо ба вуҷуд орад. Хориш ва пӯст партофтани лаб баъди татуаж як амри табиӣ буда, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷараёни шифоёбӣ оғоз ёфтааст. Бо мурури вақт пӯсти дағалшудаи лаб канда шуда, ҷойи онро пӯсти нав ва пуртароват мегирад.

9. Табхол аз татуаж пайдо мешавад?
Дар байни бонувон андешае мавҷуд аст, ки татуаж кардан боиси баромадани табхол дар лаб мегардад, вале дар асл чунин нест. Табхолро вируси герпес, ки дар 90%-и аҳолии сайёра дида мешавад, ба вуҷуд меорад.

10. Ба киҳо татуаж кардан манъ аст?
Албатта ҳар як бону мехоҳад татуаж карда, ба назар зебову дилкаш намояд, вале гузаронидани ин амалиёт ба баъзеҳо зарар дорад. Татуаж кардан дар ин ҳолатҳо ба зан манъ аст:
-Захм ё яра доштани лаб ё пӯсти атрофи лабон
-Ҳомиладорӣ, махсусан семоҳаи аввал
-Пасту баланд шудани ҳормонҳо дар ҷисми зан
-Гирифтор будан ба касалии қанд
-Гепатит, СПИД ва дигар бемориҳои сироятӣ
Мабодо чунин бемориҳро дшта бшед, аз татуаж кардан худдорӣ намоед, зеро дар ин ҳолатҳо гузаронидани амалиёт зарар дорад.

Дар охир як нуктаро қайд карданием, ки татуаж бояд бо ранги мӯй ва чашмони зан мувофиқат намояд. Танҳо дар ин сурат лабони шумо ба таври табиӣ зебою дилкашу пуртарват намуда, татуаж ба ҳуснатон ҳусни тоза зам хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД