35 years of independency
10 роҳи пешгирии дарди нимсара
55

10 роҳи пешгирии дарди нимсара
Дарди нимсара, ки бештар бо номи “Мигрен” маълум гаштааст, бемории азиятоварест, ки асаби инсонро вайрон карда, ба ҳолати рӯҳиву равониаш таъсири манфӣ мерасонад ва метавонад монеъи амалӣ гаштани нақшаҳои ӯ гардад. Бо мақсади кӯмак ба шахсоне, ки ба ин беморӣ гирифтор ҳастанд, имрӯз мо дар бораи 10 роҳи осони пешгирии хуруҷуи дарди нимсара маълумот медиҳем.
Бештар об нӯшед!
Деградатсия яке аз сабабҳои асосии авҷ гирифтани дарди нимсара мебошад. Дар фасли тир амоҳ бештар аз сабаби хушкшавии ҳаво ҷисми инсон оби зиёдеро талаф медиҳад ва ин метавона д боиси авҷ гирифтани дарди сар гардад, бинобар ин, кӯшиш кунед, ки ҳар рӯз на камтар аз ду-се литр об нӯшед, то ҷисми шумо бо мушкили камобӣ дучор нагардад. Дар ин мавсим ҳамчунин нӯшидани ҷойҳои гиёҳӣ ва шарбатҳои мевагӣ хеле муфид буда, дар нигоҳ доштани гидрататсия кӯмак мерасонанд.
1.     Аз нӯрҳои офтоб баҳра баред
Маъмулан дар фаслҳои сарди сол одамон кӯшиш мекунанд, ки камтар ба кӯча бароянд ва табиист, ки аз нурҳои офтоб ба миқдори кофӣ баҳра намебардоранд. Ин метавонад боиси кам шудани сатҳи витамини D дар организм гардад, ки ба сатҳи серотонин таъсир расонида, мигренро ба вуҷуд меорад.
Барои пешгирӣ кардани дарди сар нимаи дуюми рӯз вақтро берун аз бино гузаронед, беҳтар аст.  
2.     Аз асабоният ва стресс дурӣ биҷӯед!
Барои гирифторони мигрен асабонияти зиёд ва стресс як ангезаи бузург аст. Хоҳед, ки аз дарди ҷонкоҳи сар эмин монед, аз стресс ва асабоният дурӣ ҷуста, ба ҳар майда-чӯйда аҳамият надиҳед. Машғул шудан бо йога ва медитатсия барои пеши роҳи стрессро гирифтан кӯмак мерасонанд. Машқҳои махсуси нафаскашии чуқур низ асабониятро бартараф месозанд. Фаъолияти ҷисмонӣ шиддати стрессро коҳиш медиҳад. 
4.Ба ғизои худ диққати ҷиддӣ диҳед!
Қобили зикр аст, ки баъзе хӯрданиҳо аз қабили панир, гӯшти коркардшуда, шоколад ва машрубот боиси авҷ гирифтани мигрен гашта метавонанд. Аз ҳамин хотир барои пешгирии ин беморӣ ба ғизои худ диққати ҷиддӣ додан лозим аст.
Кӯшиш кунед, ки аз хӯрданиҳои зарранок парҳез намуда, бештар меваю сабзавот истеъмол намоед. Ғалладонагиҳои аз сафедаҳои бой буда, бисёр фоиданоканд. Дар айёми сармо бештар моҳӣ истеъмол кардан лозим аст, зеро моҳӣ дорои омега-3 мебошад, ки як ҷузъи муфид барои коҳиш додани мигрен ба шумор меравад. 
5.     Истеъмоли кофеинро маҳдуд намоед
Аксарият бар он назаранд, ки истеъмоли маҳсулоти аз кофеин бой метавонад дар пешгирии мигрен кӯмак расонад, вале он на ҳамеша ва на бар нафъи ҳама аст. Дар баъзе одамон кофиен баръакс, боиси авҷ гирифтани беморӣ мегардад, бинобар ин, кӯшиш кунед, ки маҳсулоти дорои кофеинро ба миқдори маҳдуд истеъмол намоед.
6.Машқҳои ҷисмониро фаромӯш накунед
Машқҳои ҷисмонӣ як воситаи пурқувват дар мубориза бо мигрен мебошад. Барои пешгирии ин беморӣ муттахассисон дар як ҳафта ҳадди аққал 150 дақиқа машқҳои мӯътадили аэробикӣ, аз қабили пиёда рафтан, велосипедронӣ ва ё шиновариро тавсия додаанд.
7.Аз бӯйҳои ғализ аллергия доред?
Агар шумо ба  бӯй аллергия дошта бошед, кӯшиш кунед, ки аз он канорагирӣ намоед. Гап дар он аст, ки бӯйҳои гуногун, ки ба инсон хушоянд нестанд, системаи асабро ба шӯр меоранд ва ин боиси авҷ гирифтани сардарди мигренӣ мешавад.
8.Ба тарзи нишасти худ диққат диҳед
Аксари одамон ҳангоми кор дар паси миз ё шабакаҳои иҷтимоӣ ба тарзи нишасти худ тамоман диққат намедиҳанд. Дар натиҷа бар асари нодуруст нишастан мушшакҳо ба ташаннуҷ гирифтор гашта, ин боиси авҷгирии дарди сар мешавад. Барои пешгирии мигрен шуморо лозим аст, ки дар фазои кории худ дуруст ва бароҳат шинед. Дар ҳар ду-се соат ба худ каме танаффус эълон намоед, то ки бар асари асабонияти зиёд саратон ба дард наояд. 
9.Иловаҳои ғизоиро истифода баред
Имрӯзҳо дар бозору мағозаҳои кишварамон иловаҳои ғизоӣ, ки барои пешгирии мигрен кӯмак расонида метавонанд, хеле зиёданд. Аз ҷумла иловаҳои ғизоии аз магний бой метавонанд  ҳамлаҳои мигренро коҳиш диҳанд. Коэнзим Q10 ва рибофлавин (витамини B2) низ ба саломатӣ фоида доранд.
Аммо пеш аз истифодаи иловаҳои ғизоӣ бо табибони оилавӣ маслиҳат кардан лозим аст.
10. Ба духтур муроҷиат намоед, агар...
[04.11.2026 11:03] Firuza Sattori: Шахсоне, ки мигрен доранд ва дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бештар аз дарди шадиди сар азият мекашанд, бояд ҳамеша зери назорати духтур қарор дошта бошанд. Агар новобаста ба риоя намудани тадбирҳои дар боло зикршуда дарди сар шуморо азият медода бошад, ҳатман ба табибон муроҷиат намоед. Духтур метавонад дору ё машқеро ба шумо тавсия диҳад, ки ба хусусиятҳои ҷисматон ва реҷаи ҳаррӯзаи шумо мувофиқ аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД