arzon replenishment
10 нишонаи ба вайроншавӣ наздик будани оила
2274

 

Вайроншавии оиларо аксари одамон, махсусан занон чун фоҷиаи бузургтарин дар зиндагӣ қабул карда, баъди талоқ моҳҳо ва баъзан ҳатто ду-се сол ба худ намеоянд. Аксаран баъди он ки шавҳараш занро партофта рафт, зани танҳомонда, худро дарун ба дарун хӯрда фикр мекунад, чаро чунин шуд. Албатта оила бе сабаб, худ аз худ дар як рӯз вайрон намешавад, рафтори нодурусти зану шавҳар ва норозигӣ аз ҳамдигар зарра-зарра ҷамъ шуда, билохира ба сели калоне табдил меёбад, ки хонаи бахти ду нафарро вайрон мекунад.

Ба хотири пешгирии вайроншавии оила, махсусан оилаҳои ҷавон ва зиндаятим нагаштани кӯдакон мо имрӯз дар бораи нишонаҳои асосии ба вайроншавӣ наздик будани оила маълумот медиҳем. Маводро то охир бодиққат хонед, агар дар оилаи шум о ҳам чунин нишонаҳо эҳсос шаванд, фавран аз пайи ислоҳи вазъият шавед, то кор бо ҷудоӣ анҷом намёбад.

Беҳурматии зану шавҳар нисбат ба ҳамдигар

Кор ба ҷое расида бошад, ки шумо дигар якдигарро ҳурмату эҳтиром намекарда бошед, вой бар ҳолатон. Одамон метавонанд бе ҳурмату эҳтироми дӯстон, ҳамкорон, рафиқон умр ба сар баранд, вале беэҳтиромии ҳамсафари ҳаётӣ аз марг бадтар аст.

Нафрат

Зану шавҳар бояд дар ҳама ҳолат якдигарро дӯст доранд ва дастгирӣ намоянд. Шумо ва ҳамсаратон дар дил нисбати якдигар нафрат дошта бошед ва зиндагӣ дар назаратон бе рангу бе маънӣ намояд, донед, ки муносибатҳоятон сард гашта, оилаатон ба вайроншавӣ наздик аст.

Норозигӣ аз ҳамдигар

Дар зиндагӣ ҳолатҳое мешаванд, ки муносибатҳои оилавӣ рӯ ба шикаст оварда бошанд ҳам, зану шавҳар инро эҳсос намекунанд ё қасдан худро ба нодонӣ зада, тавре рафтор мекунанд, ки гӯё ягон чиз нашуда бошад. Ба ҳеҷ ваҷҳ норозигии худро аз ҳамсаратон пинҳон насозед, зеро ин заҳр зарра-зарра ҷамъ шуда, боиси марги ишқ ва вайроншавии оила гашта метавонад.

Ранҷиш

Шумо пайваста аз шавҳаратон меранҷед, вале лаб фурӯ баста чизе намегӯед. Гумон мекунед, ки хомӯш бошед, зиндагиатон вайрон намешавад? Сахт хато мекунед! Дар урфият беҳуда нагуфтаанд: «Коса, ки пур шуд, аз лабаш мерезад», ранҷишу озори дар дил ҷамъшуда як рӯз не, як рӯз ба вулқон табдил ёфта, ҷанҷоли калони оилавӣ сар мезанад. Фаромӯш накунед, озурдагӣ ҳеҷ гоҳ аз дил намеравад, агар омилҳои пайдоиши он гум нашаванд. Ранҷиш ва дарду алами худро ба ҳамсаратон бигӯед ва роҳҳои ислоҳи вазиятро якҷоя ҷустуҷӯ кунед.  

Ишқи дурӯғин

Шумо ҳамсаратонро дӯст надореду танҳо ӯро ранҷонидан нахоста: «ман туро дӯст медорам» гӯед, ғалат мекунед. Ҳақиқат хоҳ-нохоҳ рӯзе рӯйи об мебарояд, зеро тамоми умр бо фиреб умр ба сар бурдан номумкин аст. «Мо хушбахтем, ман хушбахтам, зиндагиамон хуб аст» гӯеду дар асл чунин набошад, маълум мешавад, ки шумо аз ҳақиқат мегурезед.

Нобоварӣ ба ҳамдигар

Ба шарики умратон боварӣ надошта бошед, албатта ин бе сабаб нест. Сабаби нобовариатон ҷиддӣ, масалан пайваста ба шумо хиёнат кардани ҳамсаратон бошад ва шумо дигар ба ин одам эътимод карда натавонед, зери як бом зистанатон дигар аслан маънӣ надорад. Тамоми умр ҳамсарро санҷидан, хавотир шудан ва асаби худро вайрон кардан чӣ лозим?

Бадгӯӣ кардани ҳамсар дар назди дигарон

Ҳар он чизи хубе, ки дар бораи ҳамсаратон гуфтан мехоҳед, дар назди атрофиёнатон гӯед. Ҳама гапҳои бадро дар суҳбати рӯ ба рӯ. Шахсе, ки ҳамсарашро дар назди дигарон бадгӯйӣ мекунад, кинаву адовати дар дил доштааш ба берун мебарояд.

Эҳсоси бегонагӣ

Аз ҳамсаратон дурӣ ҷуста бо ҳар баҳона аз ҳамхобагӣ мегурехта бошед, вақте расидааст, ки ӯро тамоман аз ҳаётатон дур созед, чунки шумо аллакай риштаи пайванди байниҳамдигариро кандаед. Минбаъд бо ҳам зистанатон ба ҷуз дарду азоби рӯҳӣ дигар ба шумо чизе намедиҳад.

Бетарафӣ

Шумо нисбати якдигар чунон бемеҳр гаштаед, ки парвои будану набудани якдигарро надоред? Мисли бегонаҳо ба хотири касеву чизе умр ба сар мебаред? Пас, якҷоя зистани шумоён маънӣ надорад.

Муқоиса кардани ҳамсар бо дигарон

Ҳамсаратон пайваста шуморо бо нафароне, ки нисбат ба шумо ҷавон, зебо, дилкаш, пулдор, доно ва аҷибтаранд, қиёс мекарда бошад, маълум мешавад, ки ӯ шуморо паст мезанад. Гумон мекунад, ки алафи ҳавлии дигарон сабзтар аст? Пас бигзор ба ҳамон ҷо равад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД