Шумораи гирифторони касалии қанд сол то сол дар кишвари мо зиёдтар мешавад. Роҳи беҳтарини мубориза бо ин беморӣ риоя намудан ба парҳез ва истеъмоли ғизои солим мебошад.
Имрӯз мо ба шумо дар бораи 10 маҳсулоте маълумот медиҳем, ки ба гирифторони касалии қанд фоидаи бисёр доранд. Ғизоҳои мазкур аз калсий, калий, магний, клетчатка, витаминҳои А (каротиноидҳо), С ва Е бой буда, системаи муҳофизатии организм-иммунитетро пурқувват месозанд.
1. Лӯбиё
Барои шахсоне, ки касалии қанд доранд, лӯбиё ғизои беҳтарин аст. Он аз моддаҳои муфид саршор буда, дар мубориза бо диабети қанд ёрӣ мерасонад. Лӯбиё аз клетчатка бой аст. Ним истакон лӯбиё талаботи шабонарӯзии ҷисми инсонро бо клетчатка таъмин карда метавонад. Ба ғайр аз ин, лӯбиё манбаи магний ва калий мебошад. Аслан лӯбиёро ба гурӯҳи сабзавотҳое дохил мекунанд, ки аз крахмал бой ҳастанд, вале дар таркиби он сафедаҳо низ хеле зиёданд.
Шумо метавонед лӯбиёро ба хӯроки ҳаррӯзаи худ дохил намоед ва ҳамзамон аз хӯрдани консерваи лӯбиё лаззат баред, фақат дар ҳолати дуюм оби консерваро тартофта, танҳо донаҳояшро истифода бурдан лозим аст, то ки дар организматон намак ҷамъ нашавад.
2. Растаниҳое, ки баргҳои паҳни сабз доранд
Хӯрдани растаниҳое, ки баргҳои паҳни рангашон сабзи баланд доранд, ба гирифторони касалии қанд бениҳоят муфид мебошад. Яке аз чунин растаниҳо карам аст. Он ба кас қуввату нерӯи тоза мебахшад ва аз ҳама муҳимаш калорияи кам дорад.
3. Меваҳои ситрусӣ
Грейпфрут, афлесун, мандарин, лимӯ ва дигар меваҳои ситрусӣ бояд ҳатман ба рӯйхати ғизои ҳаррӯзаи шахсоне, ки касалии қанд доранд, ворид карда шавад. Ҳар рӯз яке аз ин меваҳоро истеъмол намуда, шумо талаботи шабонарӯзии ҷисми худро бо клетчатка ва витамини С таъмин менамоед.
4. Картошка
Маҳсулоти дар таркибашон крахмал дошта, ҳамзамон аз витамини А ва клетчатка низ бой мебошанд. Шумо ба бемории қанд гирифтор бошед, беҳтараш картошкаи ширин хӯред, зеро индекси гликемикии он пасттар аст.
5. Буттамеваҳо
Кист, ки қулфинай, марминҷон ва дигар буттамеваҳоро дӯст надорад? Дар баробари бомазза буданашон буттамеваҳо боз фоиданок ҳастанд. Махсусан ба гирифторони бемории диабети қанд тамоми намудҳои буттамеваҳо фоида дорад, зеро дар таркибашон антиоксидант, витаминҳои гуногун ва клетчатка хеле зиёд аст.
Шумо метавонед аз хӯрдани буттамеваҳои тару тоза лаззат баред ва ҳамзамон аз ин меваҳо барои худ нӯшобаҳои гуворо тайёр кунед.
6. Помидор
Фарқ надорад, ки помидорро дар кадом шакл истиофда мебаред. Худи помидор, афшура-пюреи помидор, ҳатто помидори хом низ барои касалии қанд фоида дорад. Дар таркиби помидор витамини С, оҳан, витамини Е ва дигар моддаҳои муфиде мавҷуданд, ки барои ҳаёти шахсони ба диабети қанд гирифтор хеле зарур мебошанд.
7. Моҳӣ
Моҳӣ аз Омега-3 ва дигар кислотаҳои равғании барои ҷисми беморони қанд зарурӣ бой мебошад. Махсусан хӯрдани моҳии навъи озодмоҳӣ (лосось) ба шахсоне, ки диабети қанд доранд, хеле фоиданок мебошад. Моҳиро сахт бисёр карадан лозим нест, вагарна моддаҳои муфиди дар таркибаш мавҷуд буда несту нобуд мешаванд.
8. Маҳсулоти ғалладонагӣ
Маҳсулоти ғалладонагӣ аз магний, хром, кислотаҳои чарбии омега-3, кислотаи фолиевий ва дигар моддаҳои ғизоӣ бой мебошад, ҳатто дар пӯсти гандум моддаҳое вуҷуд доранд, ки ба организми инсон фоидаи бисёр доранд. Аммо ба гирифторони бемории қанд танҳо перловка ва шавлаи ҷавӣ тавсия дода мешавад. Ҷав ва авёс манбаи клетчатка ва калий буда, барои гирифторони диабети қанд хеле фоиданок ҳастанд.
9. Чормағз
Истеъмоли чанд дона чормағз кофист, ки кас ҷисми худро бо миқдори зарурии равғанҳои фоиданок таъмин намуда, сер шавад. Чормағз дар таркибаш 2 моддаи барои шахсони гирифтори диабети қанд бениҳоят зарур-магний ва клетчатка дорад. Ба ғайр аз ин, дар таркиби чормағз ҳамчунин омега-3 ва кислотаҳои равғанӣ хеле зиёданд.
10. Шири бе равған
Шири бе равған ва йогурт бояд ҳатман ба рӯйхати ғизои рӯзмарраи гирифторони диабети қанд дохил карда шавад. Аввалан маҳсулоти ширӣ дандон ва устухонҳоро пурқувват месозад, бар замми ин, манбаи асосии витамини D мебошанд. Тадқиқотҳои олимон собит намудаанд, ки ин витамин ба шахсоне, ки диабети қанд доранд, қуввату дармон бахшида, таъбашонро болида нигоҳ медорад. Барои солимии шахсони касалии қанд дошта ин бениҳоят муҳим аст, бинобар ин, бештар шири бе равған ва йогурт хӯред.
Боқӣ, саломат бошед!