new banner new years
10 хӯрдание, ки одамро зираку доно месозанд
20.10.2024
ОИЛА.ТҶ
1395

Бисёриҳо бар он андешаанд, ки зиракию доноӣ қобилияти ирсӣ буда, аз насл ба насл мегузарад, яъне падару модар агар оқилу донишманд бошанд, фарзанди онҳо ҳам донишманд мешавад. Аммо олимон ин андешаро рад карда, мегӯянд байни қобилиятҳои ақлонии инсон ва ғизое, ки истеъмол мекунад, робитаи хеле зич вуҷуд дорад.

Барои беҳтар гаштани қобилияти фикрронӣ одам бояд ғизоҳои гуногунро истеъмол намояд. Хӯрданиҳое ҳастанд, ки кори майнаи сари инсонро тезонда, боиси мустаҳкам гаштани хотира ва ба осонӣ аз худ намудани ҳама гуна маълумот мегарданд. Мехоҳед дар бораи ғизоҳое, ки касро оқилу доно мегардонанд, маълумот бигиред? Пас, муттаваҷҷеҳ бошед!

10 ғизое, ки кори майнаи сарро фаъол мегардонанд

1. Барои фаъолияти хуби майнаи сар ҷисми инсон ба сафедаҳо ниёз дорад. Барои таъмини организм бо сафедаҳо бештар гӯшт, моҳӣ, тухм, донагӣ ва чормағз хӯрдан лозим аст.

2. Барои он ки майнаи шумо хуб кор кунад, ҷисматон бояд бо оҳан таъмин бошад. Оҳан дар таркиби гӯшт, нахӯд, мош ва сабзавоте, ки баргҳояшон сабзи баланд ҳастанд, зиёд аст.

3. Кислотаҳои равғанин аз ҷумла Омега- 3 кори майнаи сари инсонро фаъол гардонида, барои тезтар аз худ намудани донишҳои нав ба нав ёрӣ мерасонад. Кислотаҳои равғанин дар таркиби донаи офтобпараст, навъҳои серравғани моҳӣ, равғанҳои растанигӣ ва чормағз фаровон буда, истеъмоли ин хӯрданиҳо ба беҳтар гаштани қобилияти азхуднамоии ҳама гуна илму дониш ёрӣ мерасонад.

4. Холин - ин модда низ барои фаъолияти хуби майнаи сар хеле муҳим мебошад. Холин дар таркиби ҳама гуна намудҳои гӯшт, маҳсулоти ширӣ ва тухм мавҷуд аст, бинобар ин, ҳарчи бештар истеъмол намудани маҳсулоти номбаршударо ба шумо тавсия медиҳем.

5. Йод ҳам дар хуб кор кардани майнаи сар нақши муҳим дорад. Аз ҳамин хотир, ба шумо маслиҳат медиҳем, ки бештар моҳӣ ва маҳсулоти баҳрӣ истеъмол намоед, зеро дар таркибашон йоди зиёде доранд

6. Витамини А - кори майнаи сарро фаъол мегардонад. Ин витамин дар таркиби ҷигар, сабзӣ ва кабудиҳо зиёд аст. Ба шахсоне, ки бештар кори фикрӣ мекунанд, бештар истеъмол намудани ин маҳсулотҳоро тавсия медиҳем.

7. Витамини D - ин витамин ҳам барои фаъолияти бонизоми майнаи сар ёрӣ мерасонад. Витамини мазкур дар таркиби моҳии серравған ва дигар маҳсулоти сервитамингардонидашуда фаровон буда, истеъмолашон ба мустаҳкам шудани хотира ва қобилияти фикрӣ мусоидат менамояд.

8. Витамин B6 - барои хуб кор кардани майнаи сари инсон мисли обу ҳаво зарур аст. Ин витамин дар таркиби маҳсулоти гӯштӣ, картошка, моҳӣ ва қариб ҳама намудҳои мевагӣ вуҷуд дорад.

9. Витамини В 12- ин витамин дар таркиби гӯшт, моҳӣ, тухм, маҳсулоти ширӣ фаровон буда, шахсоне, ки ҳамарӯза ин маҳсулотҳоро истеъмол мекунанд, нисбат ба дигарон дар корҳои ба илму дониш алоқамандӣ дошта пешравтар хоҳанд гашт.

10. Цинк - барои фаъолияти хуби майнаи сар хеле муҳим мебошад. Он дар таркиби гӯшти гов, гӯшти парранда, қариб ҳама намудҳои моҳӣ, маҳсулоти ширӣ ва навъҳои гуногуни чормағз мавҷуд буда, маҳсулоти номбаршуда барои оқилу доно шудани кас ёрӣ мерасонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД