Formula novemver 2024
10 кӯдаки тоҷикро дар Чин ба таври ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
410

10 нафар кӯдакону наврасони то 10-солаи тоҷик, ки бемории нуқсони модарзодии дил доранд, дар Чин ба таври ройгон ҷарроҳӣ карда мешаванд.

Ҷарроҳони чинӣ рӯзи 27-уми ноябр дар Маркази ташхисию табобатии «Чину Тоҷик» дар Тоҷикистон кӯдакони нуқсони модарзодии дил доштаро аз ташхиси ройгон гузарониданд. Аз байни маризон 10 нафар кӯдакони оилаҳои камбизоат, ки имконияти гузаронидани амалиёти ҷарроҳии дилро надоранд, дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба таври ройгон ҷарроҳӣ карда мешаванд. Кӯдакони дигаре, ки ба ин беморӣ гирифторанд, бо ҷалби мутахассисони Тоҷикистон ва Чин дар худи ҷумҳурӣ ҷарроҳӣ карда мешаванд.

Тавр сардухтури беморхонаи ноҳияи Синсзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷарроҳ Пан Дунмин иброз намудааст, ҳадаф аз ин иқдом табодули таҷриба ва пешгирии зиёдшавии бемориҳои нуқсони модарзодии дил дар байни кӯдакону наврасон мебошад.

«Мо дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтаем, ки бо марказҳои тиббии пойтахт шинос шуда, муассисаҳои тиббиро бо таҷҳизоти муосири ҷарроҳӣ таъмин намоем, зеро сол то сол дар ҷаҳон шумораи кӯдаконе, ки бо бемории нуқсони модарзодии дил таваллуд мешаванд, меафзояд. Ҳамзамон мо роҳҳои пешгирӣ ва сабабҳои ин бемориро муайян менамоем»,- гуфтааст Пан Дунмин.

“Маркази ташхисию табобатии «Чину Тоҷик» тасмим гирифтааст, ки соли 2025 низ дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз даҳ нафар кӯдакони то 10-соларо, ки бемориҳои нуқсони модарзодии дил доранд, ройгон ҷарроҳӣ намояд”,- иттилоъ медиҳад Ховар.

Бемории модарзодии дил нуқсоне аст, ки аз рӯзи таваллуд дар дил мавҷуд аст. Камбудӣ метавонад ба рагҳои хун, клапанҳо ва девораҳои дил таъсир расонад. Нуқсонҳои модарзодӣ иллату осебҳое мебошанд, ки бинобар сабаби ихтилофи инкишофи организм ҳангоми дар батни модар будани тифл ба вуҷуд меоянд.

Ба иттилои мутахассисони соҳаи тиб, яке аз омилҳои ҳанӯз дар батни модар ба ин беморӣ гирифтор шудани тифлон - ин омили генетикӣ, яъне никоҳи хешутаборӣ аст, ки сабаби паҳншавии нуқсонҳои модарзодӣ мегардад. Омили дигар - бемориҳои сироятӣ мебошанд. Агар падар ё модар дорои бемориҳои сироятии ситомегаловирус, вируси одии герпесӣ ё токсоплазмоз бошад, он метавонад сабаби пайдоиши нуқсонҳои модарзодӣ гардад. Нуқсони модарзодии системаи асаб, нуқсони модарзодии дил, чураи ҳароммағз, атрезияи сурхрӯда ва синдроми дауна нуқсонҳои модарзодие мебошанд, ки дар ҷаҳон бештар вомехӯранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД