Равғани зайтун баръакси равғанҳои ғализу шахшуда ба саломатӣ фоидаи зиёд дорад:
1. Саломатии рагҳоро таъмин мекунад;
2. Монеи осеб расондани радикалҳои озоде мешавад, ки дар системаи дил аз чарбиҳову равғанҳо ба вуҷуд омадаанд;
3. Танг шудани рагҳоро пешгирӣ менамояд;
4. Ҷисмро аз садамаи радикалҳои озод ҳифз мекунад, боиси коҳиши гирифторӣ ба навъҳои гуногуни саратон, хусусан саратони пӯст, рӯда ва саратони пистон дар занон мешавад;
5. Боиси коҳиши лаъл бастани хун мешавад;
6. Фишори баланди хунро коҳиш медиҳад;
7. Боиси тақвияти милки дандон гашта, хунравии милки дандонро шифо мебахшад;
8. Ҳофизаро тақвият мебахшад;
9. Сафед шудани мӯйро пешгирӣ менамояд;
10. Дарди тарбодро таскин мебахшад.
Ин равған бояд дар маконҳои торику сард нигаҳдорӣ шавад!