Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот дар 80-солагӣ даргузашт
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот субҳи имрӯз, 14 сентябр, пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 80-солагӣ даргузашт. Дар ин бора пайвандони шоир хабар додаанд.
Тибқи иттилои онҳо, маросими ҷанозаи Доро Наҷот зуҳри имрӯз дар Масҷиди бузурги шаҳри Душанбе, маъруф ба масҷиди «Қатар», баргузор мешавад.
Доро Наҷот 4 майи соли 1946 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Фаъолияти эҷодии ӯ аз охири солҳои 60-уми асри гузашта оғоз гардида, ӯ ҳамчун яке аз шоирони шинохтаи «шеъри сафед» дар Тоҷикистон маъруф буд.
Соли 2012 Доро Наҷот барои маҷмуаи ашъори «Меоям аз шигифт» ба Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сазовор гардид.
Аз осори маъруфи ӯ китобҳои «Соҳиби кӯҳсор», «Шабнам», «Дарав», «Хирмани Маҳтоб», «Тулӯъе дар ғуруб» ва «Меоям аз шигифт» мебошанд.
Даргузашти Доро Наҷот барои адабиёти муосири тоҷик талафоти бузург арзёбӣ мешавад.