Салом! Ман хӯрдани чормағзҳои сафеди Кешюро дӯст медорам. Мехоҳам донам, ки он барои саломатӣ фоида дорад ё зарар?
Парвона, ш. Хуҷанд
Посух
Кешю-чормағзест, ки хурду калон хӯрданашро дӯст медоранд. Ин чормағзи бразилиягӣ аз витамини Е ғанӣ буда, мағзи сарро аз осебёбӣ ҳифз мекунад.
Чормағзи кешю сарчашмаи хуби магний низ аст, ки барои фаъолияти беҳтару хубтари мағзи сар мусоидат намуда, табъро хушу болида ва эҳсоси хавотириву руҳафтодагии инсонро бартараф месозад.
Бо шарофати миқдори зиёди витамин Е доштанаш чормағзи кешю хатари гирифторшавӣ ба бемории Алсгеймерро кам мекунад.