Аз 26-уми июл то 11-уми август дар пойтахти Фаронса - шаҳри афсонавии Париж мусобиқаи бонуфузи “Бозиҳои тобистонаи олимпӣ-2024” баргузор мегардад. Як гурӯҳ варзишгарони тоҷик барои ширкат дар ин сабқати баландпояи варзишӣ ба шаҳри Париж рафтанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар “Бозиҳои тобистонаи олимпӣ-2024” дар маҷмуъ 14 нафар варзишгарон намояндагӣ мекунанд. Варзишгарони тоҷик ҳунару маҳорати варзишии худро дар дзюдо, бокс, таэквон-до, муҳорибаи озод, атлетикаи сабук нишон медиҳанд.
Айни замон зиёда аз 9000 варзишгарон аз кишварҳои гуногуни олам дар шаҳри Париж ҷамъ шудаанд.
Маросими расмии кушодашавии “Бозиҳои тобистонаи олимпӣ-2024” рӯзи 26-уми июл баргузор гашта, иштирокчиёни мусобиқа бо қаиқҳо дар дарёи машҳури Сена шино мекунанд. Иштирокчиёни олимпиада манзараҳои зебои шаҳри Париж ва ёдгориҳои таърихии Фаронсаро тамошо хоҳанд кард.