Нисбати як ҷавони 22-сола барои гурехтан аз хизмати аскарӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Дар ин бора Вазорати умури дохилии кишвар хабар додааст.
Ҷавоне, ки барои гурехтан аз аскарӣ нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, сокини ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд буда, 22-сол дорад. Гуфта мешавад, ки ин ҷавон аз рафтан ба аскарӣ саркашӣ намуда, ба ҷойи ҳозир шудан ба коммисариатӣ ҳарбӣ тирамоҳи соли равон ба Русия рафтааст.
Айни замон нисбати ин ҷавони фирорӣ бо қисми 1-и моддаи 343-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саркашӣ аз хизмати аскарӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. Тибқи ин банди қонун ба ӯ ҷарима ба маблағи 72 ҳазор сомонӣ ва ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати то 2 сол таҳдид менамояд.