Sebiston new 2024 october
Зулфия Атоӣ ҷарроҳӣ шуд?
848

Дирӯз Зулфия Атоӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, баъди ҷарроҳӣ аз Ҷумҳурии Ҳиндустон ба ватан баргашт. Дар ин бора наздикони мавсуф хабар доданд.

Шоир, ки як солу ҳафт моҳ инҷониб аз шикастани устухони рон ранҷ мекашид, 26 феврал ба шаҳри Деҳлӣ барои табобат рафт. Ӯро дар Институти миллии тандурусии ин кишвар табиб Раҷат Чопра ҷарроҳӣ намуд.

Дар заминаи таъкиди табибон эътимод ҳосил шуд, ки ба шарофати машқҳои минбаъда пас аз як муддат Зулфия Атоӣ ба ҳаёти пешин бармегардад.

Ёдовар мешавем, ки Зулфия Атоӣ аз зумраи адибони маъруфи тоҷик буда, шеърҳояш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ, украинӣ, беларусӣ, туркманӣ, гурҷӣ, франсузӣ, немисӣ, англисӣ ва ғайраҳо тарҷума шуда, интишор ёфтаанд.

Қаблан, дар кайҳон ситораеро ба номи ин адиби тоҷик "Зулф" монда буданд. Иқдоми мазкурро маркази ҷирмҳои осмонии Лондони Англия 15 июн — дар зодрӯзи шоири тоҷик таҳти рақами 25290_415 ба қайд гирифта, тулӯи мутсақимашро дар бурҷи Gemini 06H06m48.66s ва тамоилашро 23 ◦38'18.97" муайян намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД