Зуйлахо Маҳмадшоева дар саҳифаи инстаграмаш аз хатми донишгоҳ хабар дод. Вале кадом донишгоҳро бо кадом ихтисос хатм кард, чизе нагуфтааст. Мехоҳед бидонед, ки Зулайхо кадом донишгоҳро бо кадом ихтисос хатм кард? Пас мутаваҷҷеҳ бошед.
Зулайхо дар сторизи инстаграмаш аксе гузошт, ки ҳамроҳи устодон дар синфхона нишастааст. Ӯ дар зери акс чунин навиштааст: “Имтиҳони давлатиро бо баҳои хубу аъло хатм кардам. Акс бо устодони гиромиқадр”.
Зулайхо зимни суҳбат ба хабарнигори сомонаи Oila.tj хатми донишгоҳашро тасдиқ намуда, гуфт, ки риштаи ҳуқуқшиносии ДМТ-ро хатм кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Зулайхо Маҳмадшоева яке аз ситораҳои саршиноси тоҷик буда, бо ҳунари волояш маҳбуби ҳамагон гаштааст. Дар баробари ҳунарманд буданаш, ҳамчунин соҳибкори муваффақ дар миёни бонувон ва ҳаводоронаш маҳсуб меёбад.