Formula september
ЗОРИ ФАРЗАНД (ҚИСМИ 2)
3757

ИДОМААШ....

Шаб то рӯз мегирист Зулайхо, аз як сӯ ғами шавҳари дар маҳбас будааш, аз ҷониби дигар ғами тифлаки деринтизори норасид тавлидёфтааш ҷавонзанро дарун-дарун хӯрда ба скелет монанд карда буд. Чашмонаш ба фарқи сараш фурӯ рафта одами дидагӣ ӯро намешинохт. Аз ҳусни зебояш танҳо ҳамон кокулони марғуладор монда буданду халос.

Умеди зиндагӣ

Худованд магар гиряву зориҳои Зулайхоро шунид ё мустаҳкам буд риштаи ҷони ин паҳлавонаки 800 грамма, ки бар марг ғолиб омад. Намурд бар рағми бозиҳои номардонаи зиндагӣ, то умеди зистан бахшад модари зорашро. Ба худ омад оҳиста-оҳиста кӯдак ва ба қавле ҷон гирифт. Духтурон дилпур шуда Зулайхоро бо тифлакаш ба хона ҷавоб доданд. Падару модари Насим навзодро бо меҳр ба оғӯш кашида, мебӯсиданду мебӯиданд.

Аз кӯдак бӯйи фарзанди роҳдурашон меомад. Писарчаро Умедҷон ном ниҳоданд ва бо умед рӯзи хушеро интизор шуданд, ки Насим озод гашта аз дарашон дарояду ғам аз дил зудояд. Дар интизории он рӯз дидаи падару модар аз роҳпоӣ кӯр шуду чашмони зебои Зулайхо аз нам ожанг заданд, вале қасд кардагӣ барин вақт ниҳоят оҳиста мегузашту рӯзҳо ба назар мисли моҳу моҳҳо чун солҳо дароз менамуданд.

Умед бе падар калонак шуд, роҳравону давдавон гашт, забон баровард. Ҳар рӯз падарашро мепурсиду «дадам, дадаҷонам, дадаҷонакам» гӯён, расмҳои Насимро мебӯсид. Бо расм мисли он, ки бо одами зинда сӯҳбат дошта бошад, соатҳо гуфтугӯ мекард, нақша мешид, ки дасти падарро гирифта ба боғ мераванд, кино мераванд, бозор мераванд. Шабу рӯз дар забони кӯдак танҳо як гап буд «Дадам биёяд! Дадам биёяд!!!» Ҳамсояҳову хешу табор гиребон медоштанд, ки дар дили ин бачаи падар надида меҳри падараш аз куҷо ин қадар амиқ реша давондааст. Рӯзҳо мегузаранд Насим даҳ соли умри ҷавонашро дар паси панҷара гузаронд. Аз карда пушаймон буд, вале пушаймонӣ дигар суд надошт. Дар хунукиҳои Русия, ки одат накарда буд, дар ҳабсхона бисёр азоб кашиду оқибат ба касалии сил гирифтор шуд.

Умед ба синни 10 даромада буд. Акнун ақлаш ба ҳама чиз мегирифт. Орзу мекард, ки як бор аз дасти падараш дошта, дар кӯчаҳои шаҳр гардаду одамон бинанд, махсусан ҳамсинфону ҷӯраҳояш бинанд, ки ӯ падар дорад. Падари аз наздик надидаашро аз ҷонаш бештар дӯст медошт. Дилаш ба ёди падар гум мезад.

Хушхабар ва фоҷиа дар фурудгоҳ

Рӯзе, ки Умед даҳ сол боз интизораш буд, ниҳоят фаро расид. Падараш занг зада гуфт, ки озод шудааст ва баъди як рӯз дар Душанбе мешавад. Аҳли хонадон аз хурсандӣ дар куртаашон намеғунҷиданд, Умедро бошад аз шиддати ҳаяҷон шабҳо хоб намебурд.

Дақиқаву соатҳоро мешумурд. Субҳи барвақт аҳли оила ба фурӯдгоҳ рафтанд. Соатҳои интизорӣ дар фурудгоҳ барои Умеду модараш аз даҳ соли интизорӣ ҳам душвортар менамуд. Беқаророна дар саҳни фурудгоҳ қадам зада, бодиққат эълонҳоро гӯш мекарданд. Ниҳоят корманди фурудгоҳ эълон кард, ки тайёраи Москва ба замин нишаст. Умед оҳи сабуке кашида, бетоқатона чашм ба баромадгоҳи мусофирон дӯхт. Қариб ҳама баромад, вале аз падараш дарак набуд. Зулайхо беқарории писарашро дида, назди кормандони фурудгоҳ рафт. Гуфт, ки шавҳараш бояд меомад, чипта дошт дар ҳамин рейс охир, пас куҷо шуд Насим?!

-Хавотир нашавед, шавҳаратон дар ҳамин тайёра, вале саломатиаш бад аст. Ёрии таъҷилиро даъват кардем, ҳозир духтурҳо меоянду ӯро аз тайёра рост ба беморхона мебаранд, -хабар дод корманди фурудгоҳ. Дасту пойи Зулайхо суст шуд, рангаш парид, беҳолона ба замин нишаст. Қариб буд, ки беҳуш шавад, вале хотири писараш худро ба зӯр ба даст гирифт. Лаб газида ашки дар чашмонаш ҳалқазадаро ноаён пок кард. Ҳамин дам садои мошини «Ёрии таъҷилӣ» баланд шуд.

Лаҳзае пас саҳни фурудгоҳ пур аз одамони хилъати сафеддор гашт. Умед чизеро ҳис кард магар, ки ашк бари рӯяш шорид, вале аз модараш чизе напурсид. Бо кафи дастонаш сарашро дошта чашм аз мошини «Ерии таъҷилӣ» намеканд. Зулайхо ҳолати писарашро дида, бештар ҷигархун мешуд. Ниҳоят ду духтур аробачаро аз тайёра фароварданд. Рӯйи беморро бо матои сафед пӯшонда буданд, вале Умед ҳис кард, ки падарашро ба мошин бор карданд. «Ерии таъҷилӣ» ҳамон сон фиғонкашон аз саҳни фурудгоҳ берун шуду модару писар таксиеро киро карда, нишастанд.

Чашмонатонро кушоед, дадаҷон!

Сӯйи беморхона медавид мошине, ки Зулайхову писараш дар он нишаста буданд. Умед аз дасти модараш дошта, қуввати дилаш гашта буд дар ин рӯзи душвор. Мадори ҳарфе ба замон овардан надоштанд модару писар. Ниҳоят расиданд ба бемористон ва осемасар давиданд ба ҷустуҷӯйи Насим. Роҳ намерафтанд, гӯиё парвоз мекарданд ин ташнагони дидор. Духтурон иҷозати назди бемор даромадан надоданд, вале Умеди ташнаи дидори падарро касею чизи нигоҳ дошта наметавонист. Дарбонро тела дода дартоз давид сӯйи ҳуҷраи «реаниматсия» ва дарро кушода худро рӯйи падар партофта, бӯсаборонаш кард. «Дадаҷон, дадаҷон, як борак чашмонатонро кушоед!

Ман шуморо сахт ёд кардам, дадаҷон!!!» мегуфт Умеду зор-зор гиря мекард. Ашки писарак шашақатор мешорид ба рӯйи бемор, вале Насим чизеро ҳис намекард. Чашмонаш пӯшида буданду базӯр нафас мекашид.

Ҳолаташ ниҳоят вазнин бу Умед рӯи падарро ба ҳат ҳол дид, вале Насиме, ки солҳои сол орзуи фарзанд дошт, дигар чашм накушоду чеҳраи писарашро надида аз хурӯҷи навбатии касалии шуш дунёро падруд гуфт.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД