Гулбибӣ Шоева дар маҳаллаи Моҳи нав дар як анбори калон, ки тирезаҳояш шикаста, деворҳояш фарсудаву намкашида ва пур аз ашёҳои нолозим аст, дар як кулбачаи аз «картон» сохташуда ҳамроҳи шавҳараш зиндагӣ мекунад. Ин модари 50- сола зодаи Кӯлобшаҳр буда, 18 сол пеш бо Раҳматулло оиладор шудааст. Рӯзгори сахти Гулбибӣ, азобҳои кашида ва бефарзандияшро аз забони худаш мутолиа намоед.
Шавҳарам Раҳматулло аз шаҳри Панҷакент ва ятим буд ва ман ҳам падар надоштаму бо ӯ оиладор шудам. 11 сол дар маҳаллаи Яккачинор, дар як хонаи заминӣ иҷора нишастем. Як рӯзи шум аз кор омада, мурдаи духтарчаи ягонаи 10-солаамро аз оби канал ёфтем. Соҳибхона ҷасади духтарамро ба хонаашро роҳ надод. Сиёҳиатро аз хонаам дур кун, ки набинам мегуфт. Ду-се соат зориву тавалло кардем, розӣ нашуд. Ҳамин хел духтари ормониамро дар қабристони маҳаллаи Каленин ба хоки хунук супоридам. Дигар ягон фарзанд надорам.
Баъди ин ҳодиса ба маҳаллаи Моҳи нав кӯчидем ва як марди шариф ба мо ҷой барои хоб дод. 7 сол мешавад, ки дар ҳамин анбор зиндагӣ дорем, худам фаррошӣ карда, 120 сомонӣ маош мегирам, лек ин маблағи ночиз барои рӯзгузаронӣ тамоман намерасад. Шавҳарам шабона посбонӣ мекунад, баъзан ман ҳам дар ҷойи ӯ меистам. Боз шавҳарам дар бозорчаи маҳаллаи 33 мева савдо мекунад, то нонпулиамонро ёбем. Худам 210 ва шавҳарам 203 сомонӣ нафақа мегирем, ҳозир дигар қуввати коркунӣ надорам, поям бисёр дард мекунад, маъюби гурӯҳӣ сеюм ҳастам. Борҳо ба духтурон муроҷиат кардам, ки маро ба маъюбии гурӯҳи дуюм гузаронед, дигар имкони кор кардан надорам, лек ягонтояш дастгириам накарданд. Бо як азоб дар замин шишта мехезам, пули нафақаам фақат барои доруву дармон сарф мешавад.
Дар ин хонаи картоние, ки зиндагӣ дорем, дар зимистон сахт азоб мекашем. Ниҳоят хунук мешавад, сад шукр, ки ҳамсояҳои саховатманд барои гарм кардани кулбаамон “плита” доданд. Вале аз тарси он, ки ашёҳои раиси анбор дар ин ҷост, аз рӯи соат плитаро мемонем, то ягон фалокате рух надиҳад. Дигар илоҷ надорем, ба хунукиву сардӣ одат кардаем, насибу тақдирамон ҳамин будааст. Рӯзҳои боронӣ аз бом об мечакад, ҳама ҷо нам мегардад, имкони дар замин нишастан намешавад.
Боре як ҷавон аҳволи моро омада дид. Гуфт, ки блогер ҳастам, номаш Меҳроб буд. Ду маротиба сабти видеоӣ кард, рақами телефон ва корти нафақавии шавҳарамро гирифт, кумакатон мекунем гуфт, вале ҳамин хел монд. Чанд бор дар кӯчаҳо ӯро дида, пурсидам, ки писарам омада наворамон гирифтиву кумакатон мекунем гуфтӣ, лек ҳамин хел монд. Ӯ дар ҷавоб чунин чуфт:
-Хола, кори шумо ҳал намешавад, нафароне ҳастанд, ки рӯзгорашон аз шумоён дида бадтар аст, мо онҳоро дастгирӣ мекунем.
Дар шабу рӯзи паҳншавии бемории коронавирус бисёр азоб кашидем. Ҳатто рӯзҳое мешуд, ки аз дари кулба ба берун намебаромадем, метарсидем, тез-тез аз дорухона спирт мехаридем. Аз он нигарон будем, ки мабодо касал шавем, дар ин шароити носозгор чӣ кор мекунем? Ягон сарпаноҳ надорем, ки моро нигоҳубин кунад, маблағи кофӣ ҳам надорем, то худро табобат кунем.
Борҳо барои гирифтани қитъаи замин ва ҷойи истиқомат ба мақомотҳои болоӣ ариза навиштем, лек ягон натиҷа надод. Дар ҷавоб фақат менависанд, ки имкони шуморо бо ҷойи зист таъмин кардан надорем. Як поям бисёр дард мекунад, дигар мадори кор кардан надорам, фарзанде ҳам надорем, ки дар вақти пириамон дастгирамон бошад. Ҳатто ҷое барои шустани дасту рӯй ва ҳаммом нест. Шукронаи Парвардигор, ҳамин анбор ҳаст, ки сари моро аз боду борон эмин медорад. Орзу дорем, ки як кулбаи алоҳида ҳамроҳи ҳамсарам дошта бошем, то дар дами пирӣ хор нашавему дастнигари касе нагардем.