Commerc banl
Зиндагие, ки саршори меҳнату эҳтироми мардум аст
130

Хонаи пурфайзи Инобат Ӯлмасоваи 84-сола ҳамеша бо меҳру муҳаббат ба рӯи фарзандон, пайвандон, набераву абераҳо боз аст. Онҳо пайваста бо дастовезу армуғонҳои рангоранг ба дидори ин зани табаррук мешитобанд, то аз ҳузури модари азизу меҳрубон баҳра гиранд.

Хусусан дар рӯзи фархундаи 8-уми март — Рӯзи модар, фазои ин хонадон боз ҳам идонатар мегардад. Фарзандон бо гулҳои зебову пурнакҳат, тӯҳфаҳои дилписанд ва суханони пурмеҳр модари азизашонро табрик намуда, шукргузорӣ ва ифтихор аз ҳузури чунин модари некбахт мекунанд.

Хабарнигори мо Абдуғаффор Шодиев дар ин рӯзи пурнишот   аз рӯзгори пурмазмуну пурбаракати ин модари хуштолеъ, ки зиндагии пурсаодат дорад, қисса кард.

Инобат Ӯлмасова аз зумраи шахсиятҳои заҳматкашу фидокорест, ки дар ободиву пешрафти диёри худ саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ дар бунёду рушди иншооти таълимӣ, муассисаҳои тиббӣ ва дигар корҳои ободонӣ нақши намоён дошта, бо меҳнати софдилонааш ба рушди ҷомеа хизмат кардааст.

Ин модари гиромӣ дар тӯли беш аз 50 соли фаъолияташ дар самтҳои гуногун барои пешрафти соҳаҳои муҳими кишвар маорифу тандурустӣ саҳми босазо гузоштааст. Бо меҳнатдӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва таҷрибаи ғании худ ӯ тавонистааст дар рушду такомули ин соҳаҳои муҳим нақши бориз гузорад.

Инобат Ӯлмасова, зодаи ду миллати ба ҳам дӯст ва ҳамсарҳад буда, бибии падариаш аз шаҳри Самарқанд ба Тоҷикистон омада, инҷо бо марди тоҷик оиладор мешавад. Падараш Ӯлмас Ҳусейнов хизматчии давлатӣ буда, фарзандонашро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва созандагӣ тарбия намудааст.

Талошҳои ӯ барои ободии меҳан, аз ҷумла барои аз байн бурдани маҳви бесаводӣ назаррас мебошад.

Инобат Ӯлмасова хатмкардаи риштаи "физика - математика" буда, фаъолияти педагогии худро дар шаҳри Истаравшан оғоз намудааст. Аз савияи дониши ин бонуи босавод устодони донишгоҳ баҳои баланд дода, хоҳиш мекунанд, ки таҳсилашро идома диҳад. Вале бо сабаби норасоии омӯзгори фанни дақиқ, ӯро дар мактаб ҳамчун омӯзгор қабул мекунанд. Фаъолияти шабонарӯзии ин бонуи ташкилотчӣ дар як муддати кутоҳ миёни роҳбарони ҷамоат панҳ гашта, ӯро дар ҷомоати деҳоти Пошкент ҳамчун раиси комиҷроия интихоб намуданд.

"Солҳое, ки дар вазифаи раисии ҷамоати деҳоти Чорбоғ ифои вазифа мекардам, бо таври ҳашар барои мардум мактаб, бунгоҳи тиббӣ, китобхона ва ҷойҳои маишӣ сохта ба истифода додем, то ки мушкилии сокинон то андозае бартараф шавад. Ҳамин тавр бо дастгирии мардуми ободкору дар деҳаҳои Варсиқу Найман низ мактабу бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода додем ва аз ин ободкорӣ мардум он қадар хушнуд гашта буданд, ки хурсандиашонро ҳадду канор набуд"-, изҳор дошт ҳамсӯҳбати мо.

Инобат Ӯлмасова тӯли бист сол дар вазифаи раисии ҷамоат фаъолият намудааст. Имрӯзҳо низ он муассиса, бунгоҳи тиббӣ, таваллудхона маконҳои маишӣ ва майдончаҳои варзишӣ дар хизмати мардуманд.  

Имрӯз Инобат Ӯлмасова бо вуҷуди синну соли мубораки худ ҳамоно дар миёни аҳли деҳа ҳамчун модари мушфиқ, маслиҳатгар қадру манзалати баланд дорад. Зиндагии пурбаракати ӯ гувоҳи он аст, ки инсон бо меҳнати ҳалол, муҳаббат ба мардум ва хизмат ба ҷомеа метавонад дар қалби мардум ҷойи хос пайдо намояд.

Фарзандону наберагон аз чунин модари некбахт ифтихор мекунанд ва роҳи неку пуршарафи ӯро идома медиҳанд. Мардум низ ӯро ҳамчун шахси ободкору дилсӯз дӯст медоранд.

Бешак, рӯзгори пурифтихори Инобат Ӯлмасова намунаи равшани садоқат ба мардум, меҳнати фидокорона ва муҳаббат ба Ватан мебошад. Чунин модарони оқилу фарзона барои пешрафти давлату миллату ҷомеа нақши муассир доранд.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД