Деҳқонону боғдорони ҷамоати наздимарзии Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз аввали баҳор то охири мавсими тирамоҳ дар сари заминҳои кишти худ дар хаймаҳо зиндагӣ мекунанд.
Ба гуфти онҳо, агар ҳамарӯза ба хонаҳояшон рафта оянд, хароҷот калон шуда, кору бори деҳқониашон қафо мемонад.
Яке аз ин деҳқонзанон Ҳурматой Саъдиева, сокини 64-солаи ҷамоати номбурда мебошад. Ин пиразан бо аҳли оилааш ба боғдорӣ машғул буда, мисли дигар боғдорон аз мушкилоти норасоии об шиква дорад. Ба гуфти апаи Ҳурматой оббандиҳои имсолаи қирғизҳо бар замми якбора хеле гарон шудани нархи доруворӣ “болои сӯхта намакоб” гаштаанд. Ҳурматой Саъдиева мегӯяд:
-Синну солам ба ҷое расида бошад ҳам, бо сабаби марги писари ягнаам ман маҷбурам, ки се ятими ӯро гирифта ба ҳамин боғи мтамашк, яъне малина биёям. Деҳа рафта омадан, ки хароҷоти зиёдро талаб мекунад, аз аввали баҳор ба ин ҷо омада, то танги тирамоҳ дар ҳамин боғ дар хайма зиндагӣ мекунем. Малинапарварӣ кори саҳлу осон нест. Кучатҳои онро аввали баҳор, гоҳо ҳатто ба барфу борон нигоҳ накарда, мешинонем. Ҳамин, ки қад кашиданд, атрофашро сим кашида, бехашро нарм мекунем. Дорӯ мепошем, тез-тез об мемонем.
Хулоса, ягон рӯз плизро бе назорат монда намешавд. Имсол қирғизҳо обро бастанду мо, деҳқонони тоҷик сахт сӯхтем. Аз тарафи дигар, доруворӣ ҳам ду баробари нархи соли гузашта қимат шудааст...
Рӯзе, ки мо ба ин макон рафтем, манзараҳои аҷиберо мушҳида намудем. Зане писарчаи тахмин 7-8 солаашро дар оби лаби ҷӯй оббозӣ медоронд. Пурсидам, ки оби хунук ба саломатии кӯдак зарар надорад? Зан дарҷавоб гуфт, ки имсол оббандиҳо зиёд шуда, баъзан ҳамагӣ 20 дақиқа об медиҳанд, барои ҳамин, омадани об барои мо мисли тӯй аст. Албатта аксар вақт ман дар оташдон оташ гиронда, аввал обро гарм карда, баъд писарамро оббозӣ медронам, вале дар р рӯзҳои нисбатан гармтар ҳамаи кӯдакон бо шодӣ ба ҳамин оби лой даромада оббозӣ мекунанд. Шукр, то ҳол сиҳату саломатанд...
Холаи Ҳурматой ва ҳамроҳонаш мегӯянд, буттамеваҳо бисёр обталаб ҳастанд, агар сари вақт обёрӣ нашаванд, меваашон нобуд мешавад.
“Хайрият моҳҳои марту апрел боришот зиёд шуд, агар ба умеди оби сойи “Хоҷабақирғон” мешудем, аз яксола ризқу рӯзиямон маҳрум мемондем. Буду шуди зиндагии мо аз пушти ҳамин малина мегузарад. Ягон манбаи дигари кору даромад надорем. Қирғиз гоҳо обро пурра баста, гҳи дигар бо соату дақиқа об медиҳанд, он ҳам пулакӣ албатта. Ҳолатҳое мешаванд, ки ҳамагӣ 20 дақиқа об медиҳанду халос ва об то сари ҷӯйҳо нарасида, хушк мешавад”-мегӯянд ин деҳқонзанҳои тоҷик, ки парвариши тамашк (малина) ягона манбаи ризқу рӯзиашон ба шумор меравад.
Дар лаби оби равон лабташна мемирем мо...
“Имсол об нашуд, маҷбур шудем аз ҳавзҳои бошгоҳҳои саҳроӣ тариқи қубуру нассосҳо об кашида орем ва тавассути мошинҳои обкашонӣ об биёрем”-гуфтани деҳқонони ҷамоати Очвӣ-қалъача мақоли маъмулии “Дар лаби оби равон лабташна мемирем мо”-ро ба ёд меорад.
Деҳқонон гуфтанд, ки дигар солҳо ҳам проблемаи норасоии об вуҷуд дошт, аммо мисли имсола кор то ба ҳадди обро харидан нарасида буд.
Боғдорон мегӯянд, буттамевагиҳо ба танқисии об тобовар нестанд, вале аз обёрии зиёд низ ҳосили пухтарасида мепӯсад. Ду рӯзи охир боришоти бошиддати борон боиси талаф ёфтани 50 дар сади ҳосили пухтарасидаи тамашк гашта, деҳқонон аз зиёни расонидаи табиат ба онҳо хеле ғамгин буданд...
Фарзона Муродӣ