formula feb 2025
Зиёда аз 330 хона бар асари сел ва офатҳои табиӣ вайрон шудааст
383

Бар асари боридани боронҳои шадид, омадани сел ва дигар офатҳои табиӣ 334 хона зарар дида, ҳамзамон ба 12 мактабу боғчаҳои бачагона осеб раисдааст.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ иттилоъ дода, гуфта, офатҳои табиӣ дар соли 2024 ба шаҳрвандон ва иқтисодиёти кишвар зиёни бисёре расонидаанд, ки ҳаҷми умумии маблағи зарари он ба 161 миллиону 50 ҳазору 100 сомонӣ баробар мебошад. Аз ҷумла бар асари офатҳои табиӣ 542 километр роҳҳои нақлиётӣ вайрон шудаанд, ки аз ин шумора 58 км роҳҳои магистралӣ мебошанд. Офатҳои табиӣ 80 адад кӯпрукҳоро вайрон карда, боиси канда шудани 30 км хатҳои интиқоли барқ гаштаанд.

“Аз 334 манзили бар асари офатҳои табиӣ зарардида 102 хона ба пуррагӣ хароб гашта, 58 манзили истиқоматӣ қисман ва 174 хона зарари сабук дидаанд. Барои оилаҳои зарардидаи офатҳои табиӣ бо мақсади бунёди 162 хонаҳои нави истиқоматӣ масолеҳи сохтмонӣ, маводи хӯрока ва ҷиҳози рӯзгор тақсим карда шуд. Барои оилаҳое, ки хонаҳояшон бар асари офатҳои табиӣ ба пуррагӣ вайрон шудааст, 124 хонаи нави 4-ҳуҷрагӣ бунёд мегардад”,- гуфт раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД