sebiston july new
ZET-MOBILE ТАРОФАИ НАВРО РОҲАНДОЗӢ МЕКУНАД
11.07.2023
PROMO
2009

Дар ҷаҳони муосир барои истифода бурдани интернети мобилӣ дар роҳ ҳангоми ба кор рафтан ё дар давоми рӯз, ҳар як нафар ба трафики зиёди интернет ниёз дорад. Бо дарназардошти ин талаботҳо ZET-MOBILE, як оператори мобилии дастрас, нақшаи тарофавии «СУПЕР-ZET»-ро таҳия кардааст.

Нақшаи мазкур ду тарофаи асосиро дар бар мегирад: "СУПЕР-ZET 55" ва "СУПЕР-ZET 100". Дар доираи тарофаи ҷоришудаи «СУПЕР-ZET 100» муштарӣ 50 ГБ интернети мобилиро бо суръати максималӣ ба даст меорад ва он метавонад ба арзиши бузурги то 50 Мбит/с расад.

Бо чунин суръати интернет муддати як моҳ мунтазам видеоҳои YouTube-ро тамошо карда, аз дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамарӯза баҳра бурдан мумкин аст.

Илова бар ин, муштарӣ барои зангҳо ба дигар операторони мобилии ҶТ ва зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака 100 дақиқа ва ба маблағи 55 сомонӣ - 30 ГБ интернет, инчунин зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака дастрасӣ пайдо мекунад.

Акнун муштариён метавонанд аз миқдори зиёди иттилоот, контенти фароғатӣ, видеоҳои бешумор ва бисёр имкониятҳои дигаре, ки интернети муосир пешниҳод мекунанд, ҳаловат бубаранд.

"Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастрас намудани интернети мобилӣ дар ширкати ZET-MOBILE 2 нақшаи нави тарофавӣ бо миқдори зиёди трафики интернет бо нархи дастрас ба роҳ монда шуд. Мо ҳама дарк мекунем, ки барои муштариёни мо, ки барои тиҷорати ҳаррӯзаи худ ба интернет ниёз доранд, ҳамеша дар алоқа будан хеле ҳатмист,”-қайд намуданд дар дафтари матбуоти ширкат.

Қобили зикр аст, ки дақиқаҳо ва гигабайтҳои трафики истифоданашуда ба осонӣ ба моҳи оянда интиқол дода мешаванд. Ба шарофати ин шумо метавонед ҳар моҳ дақиқаҳо ва мегабайтҳои интернетро сарфа кунед.
Бояд қайд кард, ки ба кор андохтани тарофаи нав яке аз қадамҳое мебошад, ки ширкат дар доираи стратегияи рушд ва такмили хизматрасонӣ андешидааст.

Зимнан бо чунин шартҳои мусоид ва ҷолиб тарофаро дар нуқтаҳои хидматрасонӣ пайваст кардан мумкин аст. Барои гирифтани симкорт, шумо бояд танҳо бо ID-паспорти намунаи соли 2014 ба офисҳои хизматрасонии ZET-MOBILE муроҷиат кунед.

Қобили зикр аст, ки ширкати ZET-MOBILE барномаи васеъмиқёси модернизатсияи техникиро роҳандозӣ кардааст, ки дар доираи он шабакаи мавҷуда васеъ шуда, стансияҳои нави базавӣ, ки дар пойгоҳҳои 3G ва 4G кор мекунанд, насб карда мешаванд.

Мутахассисон аллакай дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон ба кор шурӯъ кардаанд. Нимаи аввали соли ҷорӣ як қисми азнавкунонӣ анҷом ёфт, алҳол қисми зиёди пойгодаҳҳои базавӣ дар роҳ аст. Дар нақша аст, ки то соли 2023 дар саросари кишвар шабака 40% васеъ карда шуда, инчунин таҷҳизоти байнишабакавӣ иваз мегардад, он имкон медиҳад, ки муштариён аз интернет бо суръати баландтар бархӯрдор шаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД