Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар соли 2022 ба 7512, 9 млн доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,1 фоиз зиёд мебошад, ки ин нишондиҳандаи рекордӣ мебоша. Ин нуқтаро Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯза қайд карданд.
"Номбурда ҳамчунин афзуд, 1151,9 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла 999, 3 ҳазор саёҳ ба Тоҷикистон омадаанд, ки дар муқоиса ба соли 2021 3,4 маротиба зиёд аст".
Дар мавриди баланд шудани нархи шир дар шаҳри Душанбе низ изҳори назар карда шуд. Вазир қайд кард ки "Дар соли гузашта дар кишвар 1,2 млн тона шир истеҳсол шудааст, то андозае барои бозори истеҳсолӣ хуб аст."
Тибқи омори вазорати рушди иқтисод ва савдои кишар маҳсулоти полезӣ дар соли 2021 аз ҷумла картошка 5,1 зиёд гардида, пиёз 6.6 фоиз коҳиш ёфтааст.