Теъдоди заноне, ки дар мақомоти давлатии Тоҷикистон вазифаҳои роҳбарикунанда доранд, дар 30 соли охир ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
Бино ба маълумоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон, соли 1995 дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ 123 зан дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият мекарданд. Ҳоло бошад, аз 6,2 ҳазор кадри роҳбарикунандаи давлатӣ тақрибан 1,2 ҳазор нафарро занон ташкил медиҳанд. Ин наздик ба 19 фоиз баробар аст. Ба гуфтаи мақомот, афзоиши иштироки занон дар идоракунии давлатӣ натиҷаи татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ҷалби онҳо ба хизмати давлатӣ мебошад. Кумитаи кор бо занон ва оила низ яке аз самтҳои фаъолияти худро омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд медонад.
Ҳамин тариқ, дар муқоиса бо соли 1995 шумораи занони роҳбар аз 123 нафар ба тақрибан 1,2 ҳазор нафар расидааст, ки қариб 10 баробар зиёд мебошад.