arzon replenishment
Зани зиндонӣ чи тавр роҳбари корхона шуд?
1754



Атмия Азимоваи 46-сола сокини шаҳри Хуҷанд мебошад. Ин зан соли 2013 бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир барои 8 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд ва як сол дар маҳбаси Норак адои ҷазо намуд, вале як сол пас Қонуни АВФ ба тавсиб расида, қатори садҳо зиндониёни дигар ӯ ҳам ба озодӣ баромад.

Атмия Азимова имрӯз роҳбарии корхонаи дузандагии “Умедбахш”-ро бар дӯш дорад. Як зани зиндонӣ чи тавр тавонист то ба ин зинаҳо расид? Барои псух гирифтан ба ин савол мо бо Атмия азимова ҳамсӯҳбат гаштем.
Барои 200 сомонӣ даст ба ҷиноят задаму...
-Писари калониам футболбоз аст ва футболро хеле сахт дӯст медорад. Барои дар як озмун иштирок карданаш 200 сомонӣ лозим шуд ва ман маҷбур шудам, ки барои интиқоли маводи мухаддир миёнарав шуда 200 сомонӣ ба писарам ёфта диҳам. Росташро гӯям, ман худам соҳиби маъумоти олӣ ҳастам, саводи юридикӣ дорам ва медонистам, ки корам дуруст несту даст ба ҷиноят зада истодаам, лекин беҳуда намегӯянд ки “гурусна ба шер меҷангад”, писарам аз пушти 200 сомонӣ аз иштирок дар озмун маҳрум намонад гуфта, дидаву дониста даст ба ҷиноят задам. “Бори каҷ ба манлиз намерасад” гуфтани халқ беҳуда нест, ман ҳам ба чанг афтода, ҷазоямро гирифтаму як сол зиндон шудам.

Аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ миннатдорам, ки маро дар оғохзи ин роҳи хато боздоштанд, агар маротибаи аввал ба даст намеафтодам, шояд ба пули муфт одат мекардам ва дигар аз ин рохи хато баргашта натавонистам, имрӯз зани ҳунарманд не, балки як зани ҷияткор мебудам. Дар як соли маҳбас барои ман сабақи талх гашт, фаҳмидам ки ҳаёт чист ва роҳи дуруст кадом асту роҳи хато кадом ва хатоямр ислоҳ кардаба роҳи дурусти зиндагӣ равон шудам,-мегӯяд Атмия.
Дар ҳаққи Пешвои миллат дуои нек мекунам
Соли 2013 Атмия Азимова бо ҳукми суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо қисми 3-и мувофиқи моддаи 200-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дниста шуда, ба 8 соли зиндон маҳкум гашта буд, вале пас аз як сол бо шарофати Қонуни авф ба озодӣ баромад. Барои нисбаташ тадбиқ гаштани Қонуни АВФ Атмия аз Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдор аст ва ҳамеша дар ҳаққи сарвари давлат дуои нек ме кунад.
Имрӯз мардум Атмия Азимоваро чун зани боирода ва чашмикордон мешиносанд ва ҳурмату эҳтиром менамоянд, зеро баъди ба озодӣ баромадан ӯ роҳи дурусти зиндагиро пеш гиирфта, натанҳо худаш, балки даҳҳои дигар занони ҳамтақдирашро бо ҷойи кор таъмин кард. Тавре ки худи ӯ нақл мекунад, барои гранти Президентиро соҳиб шудан аз сабаби он ки доғи судӣ дошт, хеле мушкилӣ кашидааст ва ҳатто буданд масъулине, ки ошкоро ба рӯяш гуфтанд: “Як туремшик мехостааст грант бигирад!”

Атмия ин ҳама таҳқиру тамғагузориҳоро таҳаммул намуда, билохира баъди як соли талош тавонист коргоҳи дӯзандагии “Умедбахш”-ро ташкил кунад ва барои ҳамтақдиронаш шароити корӣ фароҳам оварад. Атмия Азимова ба 12 зани аз маҳбас озодшуда ҷойи кор додааст.

-Чуноне, ки мегӯянд аз хас метавон қаср бунёд кард, коргоҳи мо агарчӣ назарногир аст, ба умед номашро “Умедбахш” гузоштем то умедамон амалӣ шуда корхонаамонро ба як коргоҳи калон табдил диҳем. Барои ҳар нафари аз маҳбас озод шуда дарёфти ҷои корӣ ва мавқеи пешин басо мушкил аст. Маҳбас барои ман мактаби бузурги зиндагӣ шуд, зеро дар он ҷо сабр ва тавба карданро омӯхтам. Соли 2013 вақте ба муддати 8 сол ҳукм доданд ва ба муассисаи ислоҳии занонаи Норак бурданд, умедамро аз зиндагӣ пурра канда будам. Маҳбасӣ шудани маро ду моҳ нагузашта шавҳарам аз баҳри се писараш гузашта зани дигар гирифт, ин “Болои сӯхта намакоб шуд. Ростӣ, то дами маҳбасӣ шудам ман на ба қонун бовар доштаму на ба ҳомиён он, вале баъди он ки ба зиндон афтидам, фаҳмидам, ки ҳамаи кормандони мақомоти қудратӣ, ки аксаран дар ҳақашон фикрҳои манфӣ мекунем фиристодагони худованд барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ будаанд. Агар онҳо намебуданд ва чашми моро мекушоданд шояд тамоми умр ба кирдори зишт ва ҷинояту ҷинояткорӣ машғул шуда, ҳаёти одамони бегуноҳро месӯхтам ва ҳамчун як шахси хатарзо ба сари мардум балҳои бисёре меовардам, вале маҳбас маро одам кард.

Тибқи қонуни афв соли 2014 ҳудуди 3 ҳазор зиндониён ба озодӣ баромаданд ва ман низ дар он миён будам. Вақте озод шудам, дарк кардам, ки Худованд ҳатто бандаҳои гунаҳкрашро фаромӯш накарда, раҳми онҳро мехӯрдааст. Марҳамати худованд ва лутфи сарвари давлат буд, ки қонуни авф баромаду мо ба озодӣ баромадем. Кормандони мақомоти қурдатиро пештар бад медидам, вале баъди ба маҳбас афтоданфаҳмидам, ки мақсад аз ҷазо додани ман барин одамони роҳгумзада танҳо он будааст, ки хатои худро фаҳмида ислоҳ шавем,-мегӯяд Атмия.

                 Бо дастгирии Аҳмадзода
                 Гранти Президентӣ гирифтам
Қаҳрамони мо нақлашро идома дода, чунин қисса кард:
“Баъди озод шудан, чизе, ки маро беш аз ҳама озр медод, ангушти ишорати мардум ва дигар шудани муносибати ҳақу ҳамсояву хешу табор буд, ки “туремшик” гӯён ҳазар мекарданд, аммо дар маҳбас китоби “Аюб-пайғамбар”-ро хонда аз зиндагии он кас ибрат гирифта будам ва ба ҳамааш сабр карда, гӯшамро ба карию чашмамро ба кӯрӣ зада мегаштам. Хона надоштам, иҷора мешинастам ва дар ғами кор будам, илова бар ин тарбияву таъмини се писарам пурра бар дӯши ман буд. Дар маҳбас ҳунари дӯзандагию дигар ҳунарҳои мардумиро омӯхта будам ва баъзеҳо тавсия доданд, ки барои грант гирифтан дархост пешниҳод кунам, аммо ҳисси ноумедӣ дар дилам буд, ки ба мани маҳбасшуда кӣ грант медиҳад?! Ҳарчи бодо бод гӯён, соли 2015 барои Гранти президентӣ дархост пешниҳод кардам ва баъди чанде хабар омад, ки “Шумо соҳиби грант шудед”, ки он ба 10 ҳазор сомонӣ баробар буд. Аз ҳукумати шаҳр кафолатнома лозим буд, баъзе аз масъулини МИҲД- ба ман бовар накарда, кафолатнома нандода бошанд ҳам, раиси даври шаҳр, мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода баъди шунидани арзи ман кафолатномаро аз номи худашон дастрас кардан. Ҳамин тавр корхна кушдам.

Шукр, имрӯз соҳиби кор ҳастему нонрасони фарзандон. Дар як сех кӯрпа ва дар сехи дигар барои табибон либос медӯзем. Давоми як сол тавонистем бо се беморхона ва як қисми ҳарбӣ қарордод баста, фаъолияти соҳибкориро рушд диҳем. "Сифати кӯрпаҳои мо баланд аст. Пахтаи дасти аввалро гирифта, барои ҳар кӯрпа шаш кило пунбадона истифода мекунем. Ранги матоъ низ ҳангоми шустан намеравад. Кори дӯзандаҳои мо бидуни фиреб аст. Дар 2 соли охир ба 80 дар сади орзуҳоямон расида, муштариёни зиёде пайдо намудем. Умед дорем,ки раиси вилоят барои мо замин ҷудо мекунанд ва ягон маблағгузор ёфта, корхонаи худро бунёд мекунем.

Масъалаи пайдо кардани шуғл дар вилоят ва умуман кишвар мушкили №-1 ба шумор меравад, барои зиндониҳои собиқ бошад, ёфтани ҷойи кор боз ҳам душвортар аст. Вақте ки инсон ҷойи кор ва манбаи дармад намеёбад, хавфи дубора ҷиноят содир намуданаш ба миён меояд, аз ҳаимн хотир қарор додам, ки корхонаи худро васеъ намуда, танҳо собиқ зиндониёнро ба кор мегирам, то ки дигар ба роҳи хато нарафта, бо меҳнати ҳалол зиндагӣ кунанд!”


Атмия Азимова ниятҳои нек дорад. Умедворем, ки аз ҷониби раиси вилояти Суғд ин зан дастгирӣ меёбад ва коргоҳаш васеъ гашта, барои таъмини занҳои аз маҳбас озод гашта, боз якдаргоҳи умед пайдо мешавад. Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД