Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти зане хабар додааст, ки тариқи шабакаи иҷтимоии WhatsApp фолбинию ҷодугарӣ карда, аз мардум пули калон мегирифтааст.
Сафармоҳ Сафарова сокини шаҳри Душанбе буда, аз ҷониби кормандони милитсия барои фолбинию ҷодугарӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ин зани 46-сола бо воситаи шабакаи иҷтимоии WhatsApp одамонро фол дида, аз мизоҷонаш талаб мекардааст, ки ҳақи “хизмат”-и ӯро ба ҳамёни электронӣ гузаронанд.
Бояд гуфт, ки ин зан қаблан низ барои фолбинию ҷодугарӣ боздошт шудааст, вале ба ҷойи ислоҳ шудан, ба хотири ба даст овардани пули муфт дубора амалҳои худро такрор намуда, маблағи аз мизоҷонаш ситонидаро ба фоидаи шахсии худ истифода мебурдааст.
Дар асоси тағйироти нави ба моддаи 482-и Кодекси маъмурии Тоҷикистон воридкардашуда ба Сафармоҳ Сафарова ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муддати 10 шабонарӯз таъин карда шудааст.