Салом «Оила!» Медонам, ки танҳо ту маро гӯш кардаву ба додам расида метавонӣ. Бинобар ин, қалам ба даст гирифта, аз носипосиҳои ҳамсар ва баъзе хешовандони наздикам ба ту қисса мекунам.
Бо амри тақдир аз ҳамсари якумам ҷудо шудам. Ӯ зани меҳрубон, кадбонуи боҳунаре буд. Аммо чӣ кунам, ки аз ҳафт фарзанди ба дунё овардааш, танҳо нахустфарзандамонро Худованд умр додаву фарзандони дигарамон 5-7- рӯза шуда, аз дунё гузаштанд. Ҳатто дар чунин ҳолат ҳам, мо аз ҳамдигар ҷудо шуданӣ набудем. Аммо яке аз дӯстонам бо номи Фахриддин бо васвасаҳо оилаи моро вайрон кард. Баъдтар, маҳз бо талқини ӯ ман ба хоҳарарӯсаш, Гулбарги аз шавҳараш ҷудошуда, ки ду писари хурдсол дошт, оиладор шудам. Дар муддати 18 соли зиндагии якҷоя оилаи мустаҳкаму комиле барпо намуда, фарзандонамонро, ки то ин муддат якҷоя 5 нафар шуда буданд, калон кардем. Писарони ҳамсарам ба мардикорӣ, ба шаҳрҳои Русия мерафтагӣ шуданд. Бо мақсади фароҳам овардани зиндагии серу пур ва оиладор намудани фарзандонамон ман ҳам ба мардикорӣ рафтам. Мо музди меҳнатамонро ба ҳамсарам мефиристодем. Боре аз Русия баргашта, аз ҳамсарам фаҳмидам, ки язнааш 48 ҳазор пули бо арзи русӣ фиристодаамро бо роҳи фиреб, аз дасти занам гирифта, ба 700-800 доллари амрикой иваз кардааст, ки ин боиси норозигии ман ва муноқишаҳо гардид. Аммо барои вайрон нагардидани муносибатҳои оилавӣ, бо ин ҳама ноадолатиҳо созиш кардаму паи оиладоркунии писарандарам шудам. Маслиҳат кардем, ки духтари хоҳарамро келин мекунем. Хурсандиам ҳадду канор надошт. Гумон мекардам, ки ҷиян-келинам дар пириамон хизмати моро хоҳад кард. Аммо аз рӯзҳои аввал ҷиянам вазифаи аслии худро дар хабаркашӣ дида, байни оилаи ману хоҳарам иғвоангезиҳо карда, корро ба дараҷае расонид, ки нисфи шаби моҳи августи соли 2008 падараш бо бародаронаш ба сари замини деҳқониам рафта, маро лату кӯб намуданд. Дар ин хусус хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ вуҷуд дорад. Баъди ин, моҳи рамазон, аниқтараш 21-уми сентябр язнаи занам ҳамроҳи хоҳарони занам ба ҳавлии ман омада, маро аз хоб бедор карда, гуфтанд, ки гӯё ман зану писарони аз қафояш овардаи ӯро азоб медода бошам. Хоҳари занам дашном дода, “ту зану бачаҳоятро кор мефармоӣ”- гӯён, ба ману падари 80- солаам, ки ҷанҷолу мағали дар ҳавлиям рухдодаро шунида, ба берун баромада буд, дарафтод ва чанг зада, аз риши ӯ қабза кард.
Кор ба дараҷае расид, ки завҷаам бо писару язнаву хоҳаронаш маро аз хонаи худам берун карданд. Ростӣ, пештар сабаби ин ҳама моҷароҳоро намедонистам. Ҳайрон будаму меандешидам, ки аз ман чӣ хатое гузашта бошад. Охир, занам дар оила шоҳона зиндагӣ накунад ҳам, нодор ва ба хӯроку пӯшок мӯҳтоҷ набуд. Аз занҷираҳои тиллоӣ сар карда, то жемпиру пойафзолу матоъҳои навбаромад харида, пайваста паи беҳбудии саломатиаш будам. Аммо занам пулҳои аз Русия фиристодаи писарашро пинҳон карда, ба ман мегуфт, ки бо мақсади оиладор кардани фарзандон пулҳоро пасандоз менамояд. Ман ин кори ӯро амали хайр ҳисобида будаму боре ҳам барои таъмини ниёзҳои аҳли оила аз ӯ пул намепурсидам. Пас, чаро ӯ бо язнаю хоҳарону қудоҳояш забон як карда, бар муқобили ман ин шӯру валваларо барангехт. Ба қавле оҳиста- оҳиста ҳар чиз ҷояшро гирифт. Масъала равшан гардид. Фаҳмидам, ки ҷиян-келинам бо маслиҳати падару модараш маро аз хонаи худам берун карда, хонаву дари бо обилаҳои даст бунёд кардаамро соҳибӣ кардан мехостааст ва онҳо мақсад доштаанд, ки Фахриддин роҳбари асосии оила ва ҳатто авлоди занам бошад. Ҳол он, ки дасти қалб доштани Фахриддин ба ҳама аён буд. Шаби тӯйи оиладоршавии писарандарам қолини дуздидаашро шахсан худам аз қафои мошини Фахриддин гирифта будам. Фахриддин оилаи якумамро вайрон карда, ҳанӯз худро ба мақсад расида намеҳисобидааст, ки боз ба вайронкунии оилаи дуюмам пардохт. Аз кирдори занам ва хоҳараш ба ғазаб омада, падарам минбаъд якҷоя зиндагӣ карданамонро намехоҳад.